Jump to content

Бозича

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хирсаки бахмали — яке аз бозичаҳои маъруфтарин

Бозича, асбоббозӣ (форсӣ: اسباب‌بازی‎) — ашё барои бозии бачаҳо мисли лӯхтак, тӯб, камонак, мошинча, образҳои ҳайвонот ва парандаҳои аз чӯб ва лой сохташуда ва ғайра.

Таснифоти бозичаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бозичаҳо дастӣ ва истеҳсолӣ мешаванд. Онҳоро аз чӯб, лой, оҳан, пластмасса ва ғайра месозанд. Аз рӯйи истифода бозичаҳо сенсорӣ, образнок, истеҳсолӣ, техникӣ, ҷамъиятӣ-маишӣ ва ғайра мешаванд. Бозичаҳо ба тарбияи фикрӣ, ҷисмонӣ ва зебоишиносии бачагон, барои донистани ҳақиқати олами атроф ёрӣ мерасонанд. Бозича тафаккур, нутқ ва хотираи бачагонро инкишоф дода, ташаббуси эҷодии онҳоро бедор мекунад. Навъ, хусусият, мазмун ва ороиши бозича ба синну сол, инкишоф ва вазифаҳои мушаххаси тарбиявии он вобаста аст. Бозичаҳо дар шакли образҳои одамон, ҳайвонот, олати меҳнат, ашёи рӯзгор аз давраҳои қадим маълум буданд: лӯхтакҳои аз чӯб ва матоъ сохташуда, шаклҳои ҳайвонот, тӯбҳои чармин ва ғайра. Ҳар бозича вазифаи ба худ хос дорад.