Холида Зиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Холида Зиё
банголӣ: খালেদা জিয়া
Begum Zia Book-opening Ceremony, 1 Mar, 2010.jpg
Таваллуд 1945
Ҳамсар Зиё Раҳмон
Фарзандон Arafat Rahman[d] ва Tarique Rahman[d]
Ҳизб
Эътиқод ислом
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Холида Зиё ( бенг. খালেদা জিয়া ; насл. 15 августи 1945 ) — сарвазири Банглодеш аз 1991 то 1996 ва аз 2001 то 2006 буд. Рохбари Ҳизби миллии Банглодеш (ҲМБ). Аксар вақт ба нишони эҳтиром ба мавқеъи иҷтимоию сиёсии ишғолкардааш ба номи ӯ иловаи фахрии Бегум – «хонум» зам мешавад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Холида Зиё дар ноҳияи Динаҷпур, ки он вақт бахше аз Ҳиндустони Бритониё буд, дар оилаи соҳибкор ба дунё омадааст. Соли 1960 мактаби миёнаро хатм карда, бо капитани артиши Покистон Зиё Раҳмон издивоҷ кард. Соли 1971 Покистони Шарқӣ дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ истиқлолият эълон кард ва ҳамчун Банглодеш маъруф шуд. Раҳмон яке аз қаҳрамонони ҷанги истиқлолият буд, то рутбаи генералӣ расид ва дар соли 1975 табаддулоти низомӣ ташкил кард, ки дар натиҷа воқеан раҳбари кишвар шуд. Дар соли 1977 Зиё Раҳмон Президенти Банглодеш интихоб шуд, Холида Зиё хонуми аввали Банглодеш шуд, аммо дар он вақт дар сиёсат ширкат надошт. Барои мустаҳкам кардани қудрати худ, Раҳмон Ҳизби Миллии Бангладешро (ҲМБ) таъсис дод. Соли 1981 ӯ аз ҷониби як гурӯҳи афсарон, ки кӯшиши табаддулоти давлатӣ анҷом дода буданд, кушта шуд [1].

Зиё пас аз куштори шавҳараш Зиё Раҳмон ба фаъолияти сиёсӣ шурӯъ кард, соли 1984 роҳбарии ҲМБ шуд. Дар баробари Шайх Ҳасина, ва ҳизби Лигаи Авами, ӯ дар мухолифат бо генерали ғасбшуда Иршод буданд, ки бисёриҳо ӯро созмондиҳандаи аслии куштори Зиё Раҳмон медонистанд. Вай муяссар шуд, ки таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи ҳукумат ва дар ниҳоят истеъфои Иршод дар моҳи декабри соли 1990 таъмин карда шавад. Дар интихоботи парлумонии соли 1991 Ҳизби Миллии Бангладеш (ҲМБ) пирӯзии комил ба даст овард ва Холида Зиё аввалин сарвазири зан дар таърихи Банглодеш шуд. Дар худи ҳамон сол ба конститутсия тағйироту иловаҳо қабул карда шуданд, ки мувофиқи он Банглодеш боз ба ҷумҳурии парлумонӣ табдил ёфт (ин дар конститутсияи якуми кишвар низ муқаррар шуда буд, аммо дар соли 1975 бо ташаббуси Шайх Муҷибурраҳмон, Банглодеш ба шакли президентии ҳукумат гузашт.) [2] .

Зиё замоне ба сари қудрат омад, ки фасод ва ҷиноят дар Банглодеш авҷ гирифт. Банглодеш сераҳолӣ яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон буд. Зиё дар интихобот эълом дошт, ки дунболи таѓйирот ва баробарии умумӣ хоҳад буд, ҳукуматро аз фасод пок ва фаъолияти онро барои мардум шаффоф гардонад. Раёсати ҲМБ бо беҳбуди равобит бо Покистон ва бадтар шудани равобит бо Ҳиндустон, бахусус дар масъалаи тақсими оби Ганг қайд карда шуд. Ҳукумати Холида Зиё бо афзоиши хароҷот барои маориф, ҷорӣ кардани таҳсилоти ҳатмии ибтидоӣ ва мактабҳои ройгони 10-синфӣ барои духтарон қарздор аст. Ҳукумат барои либерализатсияи иқтисодиёт як қатор тадбирҳо андешид, хусусигардониро амалӣ намуд ва ҷалби сармояи хориҷиро ҳавасманд намуд [3] . Сарвазир инчунин ба баркарор намудани обруи давлати демократии Банглодеш, ки дар солҳои хукмронии авторитарии Эршод зарари калон дида буд, муяссар гардид.

Бо вуҷуди ин, то соли 1994 Банглодеш дар бӯҳрони амиқ боқӣ монд, ки дар натиҷа маъруфияти Холида Зиё поин рафтан гирифт, дар соли 1995 як силсила ошӯбҳо кишварро фаро гирифт, ки дар он чандсад нафар кушта шуданд. Дар соли 1996 мухолифин ба раҳбарии Ҳасина интихоботро таҳрим кард ва Зиё маҷбур шуд, ки ҳукумати муваққати (интихоботӣ) таъсис диҳад ва интихоботи нав эълон кунад ва дар он шикаст хӯрд. Дар соли 1999 ҲМБ бузургтарин корпартоии сиёсиро дар таърихи кишвар бо талаби истеъфои ҳукумати Лигаи Авами оғоз кард (аммо Шайх Ҳасина то анҷоми мӯҳлати панҷсолаи худ аз истеъфои қатъӣ худдорӣ кард) [4] .

Проблемахои иктисодй ва иҷтимоии Банглодеш мураккаб мешуданд. Дар соли 2001 Зиё (дар эътилоф бо ҳизби исломгарои "Ҷамоати Исломӣ" ) бо вуҷуди иттиҳоми тақаллуб аз ҷониби Шайх Ҳасина ва ҳамроҳ бо ошӯбҳо дар интихобот пирӯз шуд. Дар соли 2003 вай қонунеро ба даст овард, ки дар порлумони 330 курсӣ 30 курсиро барои занон ҷудо кардааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. John C. Fredriksen. Biographical Distionary of Modern World Leaders: 1900 to 1991. — Facts on File, 2004. — P. 537-538. — ISBN 978-0816053667.
  2. John C. Fredriksen. Biographical Distionary of Modern World Leaders: 1900 to 1991. — Facts on File, 2004. — P. 537-538. — ISBN 978-0816053667.
  3. John C. Fredriksen. Biographical Distionary of Modern World Leaders: 1900 to 1991. — Facts on File, 2004. — P. 537-538. — ISBN 978-0816053667.
  4. John C. Fredriksen. Biographical Distionary of Modern World Leaders: 1900 to 1991. — Facts on File, 2004. — P. 537-538. — ISBN 978-0816053667.