Jump to content

Холид ибни Рабеъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Холид ибни Рабеъ

Фахруддин Холид ибни Рабеъ (форсӣ: فخرالدین خالد بن ربیع‎; ? — қарни XII) — дабир, хушнавис ва шоири порсигӯйи дарбори Салҷуқиён[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҷдодаш аз Макка буданд, вале ӯ дар Хуросон ба дунё омад ва камол ёфт. Дар дарбори шоҳони салҷуқӣ хидмат мекард. Бо шоири ҳамзамонаш Анварӣ мукотиба ва робитаи дӯстӣ дошт.

Аз осори адабии Xолид ибни Рабеъ 79 байт (қасидаҳо, ғазалҳо, қитъаҳо) дар «Лубобу-л-албоб»-и Авфӣ омадааст. Ашъораш дар мавӯъҳои мадҳ ва ишқанд. Ашъори ишқиаш нисбат ба қасидаҳояш аз ҳайси бадеият болотаранд. Ин абёт аз ӯст:

Дар хоб аз он симинбаногӯш
Ташрифи хаёл ёфтам дӯш.
Бе он ки зи ман кашид заҳмат,
То рӯз кашидамаш дар оғӯш.
Гаҳ бӯса ҳамезадам бар он чашм,
Гаҳ ҳалқа ҳамешудам ба он гӯш…

  1. خالد بن ربیع کاتب طورانی هروی - ویکی فقه. fa.wikifeqh.ir. 5 марти 2024 санҷида шуд.
  • Холид ибни Рабеъ // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).