Хонаводаи Бернулли

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Хонаводаи Бернулли (Bernoulli) — оилаи олимони швейтсариягӣ; онҳо 11 нафар буда, дар инкишофи математика саҳми бузург гузоштаанд. Намоёнтарини онҳо:

Якоб Бернулли (27.12.1654, Базел — 1.01.1705, ҳамон ҷо), математик, профессори Университети Базел (1687). Дар инкишофи геометрияи аналитикӣ саҳми калон гузоштааст. Асари Г. В. Лейбнисро оид ба ҳисоби дифференсиалӣ омӯхта, ғояҳои нави онро барои омӯхтани хосиятҳои як қатор хатҳои каҷ татбиқ намуд. Бо бародараш Иоганн Бернулли ба ҳисоби вариатсионӣ асос гузошт. Теоремаеро доир ба қонуни ададҳои бузург исбот кард, ки бо номи ӯ машҳур аст. Бернулли инчунин дар назарияи қаторҳо, ҳисобкуниҳои дифференсиалӣ, назарияи эҳтимолият ва назарияи ададҳо, ки ба ифтихори ӯ «ададҳои Бернулли» номгузорӣ шудаанд, ба натиҷаҳои калон комёб гардидааст. Дар соҳаи физика низ таҳқиқот гузаронидааст.

Иоҳанн Бернулли (27.7.1667, Базел — 1.01.1748, ҳамон ҷо), бародари Якоб Бернулли, математик, профессори Университети Гронинген (Ҳолландия, аз 1695) ва Базел (аз 1705), узви фахрии АИ Петербург. Дар соҳаи ҳисоби дифференсиалӣ ва интегралӣ бо Г.В. Лейбнитс ҳамкорӣ карда, дар ин соҳа ба як қатор кашфиёт ноил гардид. Аввалин баёни муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралиро пешниҳод кард, коркарди усулҳои ҳалли муодилаи дифференсиалии одиро ривоҷ дод, доир ба хатҳои геодезиявӣ масъалаи классикӣ гузошта, хосиятҳои геометриявии махсуси ин хатҳоро ошкор намуд ва дертар муодилаи дифференсиалии онҳоро исбот кард. Инчунин дар соҳаи назарияи зарбаи механикӣ, ҳаракати ҷисмҳо дар муҳити муқовиматкунанда, таълимот дар бораи «қувваи зинда» ва ғ. кор кардааст. Шогирдони зиёде тарбия кардааст, ки машҳури онҳо Л. Эйлер ва Д. Бернулли мебошанд.

Даниил Бернулли (29.1.1700 — 17.3.1782, Базел), писари Иоганн Бернулли, профессори физиология (1733) ва механика (1750) дар Университети Базел. Корманди кафедраи механика ва физиология (1725-1733) ва дертар узви фахрии АИ Петербург; дар нашрияҳои ҳамин академия 47 кори илмӣ нашр кардааст (1728-1778). Асарҳои ӯ ба математика, механика, тиб ва физиология бахшида шудаанд. Дар соҳаи ҳалли муодилаҳои алгебравию дифференсиалӣ ва назарияи эҳтимолияту қаторҳо кор кард; назарияи кинетикии газро такмил дод ва дар асари классикии худ «Ҳидродинамика» муодилаи асосии шороии собити моеоти идеалиро ёфт, ки муодилаи Бернулли ном гирифтааст. Нахустин таҳрири қоидаи бақои энергия ва якҷоя бо Леонард Эйлер қонуни бақои гаштовари миқдори ҳаракатро пешниҳод кард (1746). Солҳои тӯлонӣ лаппишҳои чандирро омӯхта, аз чиҳати математикӣ моделонӣ ва мафҳуми лаппиши гармоникиро ба илм ворид сохтааст. Аз нуқтаи назари назарияи молекулавӣ қонуни Бойл-Мариотт ва усули барҳамниҳии лаппишҳоро маънидод кардааст.

Аз аъзоёни дигари оилаи Бернуллиҳо шахсони зеринро ном бурдан мумкин аст. Николай Бернулли (1687 — 1759), ҷияни Якоб ва Иоҳанн, профессори математика дар Падуя ва Базел; Николай Бернулли (1695 — 1726), писари Иоҳанн, профессори математика дар АИ Петербург; Якоб Бернулли (1759 — 1789), ҷияни Даниил, узви АИ Петербург, муаллифи асарҳои пурарзиш доир ба механика. Аз оилаи Бернулли панҷ нафар узви АИ Петербург буданд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]