Jump to content

Хоро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Хоросанг)
Гранит
Минералы полевой шпат, кварц, слюда.
Физические свойства
Цвет пёстрый: красный, розовый, серый
Твёрдость 5—7
Радиоактивность слабая GRapi
Электропроводность нет

Санги хоро, хора, хоросанг, санги хоро, грани́т (олмонӣ: Granit ё фр. granit аз итол. granito — «донаӣ») — як навъ ҷинси кӯҳиро гӯянд, ки бағоят сахт аст.

Аз минералҳои ҷинсташкилдиҳандаи кварс (25-35 %), шпати даштии калийдор (35-45 %), плагиоклаз (20-30 %), биотит, амфибол ва баъзан пироксен таркиб ёфтааст. Аз минералҳои аксесорӣ дар таркиби хоро сиркон, апатит, сфен, монасит, магнетит, илменит, флюорит, торит, ортит вомехӯранд. Хоро бо минералҳои рангаи характернок амфиболдор, биотитдор, амфиболу биотитдор, пироксену амфиболдор, пироксендор (чарнокитҳо) мешавад. Аз ҷиҳати сохторӣ-текстурӣ намудҳои хоро -и порфирмонанд, ки дар таркибаш кристаллҳои дарозшакл ё изометрии ортоклаз ва ё микроклин (дарозиашон баъзан то 10-15 см) дорад; хоро-ҳои порфирмонанд, ки дар онҳо донаҳои гулобии шпати саҳроии калию натригӣ бо плагиоклази сафедчатоб печонида шуда, шакли курачаро доранд, гранит-рапакив мебошанд. Таркиби минералии хоро аз плагиогранит (аз шпатҳои саҳроии плагиоклаз (албит) ва микдори ками микроклин ташкил ёфтааст), аляскит (асосан аз шпати саҳроии калию натрийдор — ортоклаз ё микроклин (40-45 %), кварс (35-40 %), плагиоклаз (<10 %), биотит (1-2 %) таркиб ёфтааст. Инчунин дар таркиби баъзе хоро-ҳо амфибол (рибекит, арфведсонит, катофорит) ё пироксени (эгирин) ишқорӣ вомехӯранд, ки хоро-и ишқорӣ ном дорад. Хоро-и дар таркибаш абрақ (слюдаҳо) ва биотиту мусковит дошта биотити дуабрақдор номида мешавад. Таркиби кимиёии миёнаи хоро чунин аст: (%): SiO2 — 71,57; TiO2 ‒ 0,35; Al2О3 — 14,75; Fe2О3 — 0,76; FeO — 1,50; MnO — 0,07; MgO — 0,96; CaO — 1,89; Na2О — 3,12; К2О — 4,25; Р2О5 — 0,12; Н2О — 0,51. Хоро паҳншудатарин ҷинси кӯҳии қишри замини хушкиҳо мебошад. Пайдоиши хоро гуногун — гетерогенӣ аст:

  1. дар натиҷаи кристаллшавии маҳлули магмавӣ дар қишри замин
  2. дар натиҷаи ҷойгиршавии метасоматикии ҷинсҳои метаморфӣ бо маҳлулҳои гранитофаранда пайдо мешаванд.

Қисми зиёди хоро дар минтақаҳои коллизионӣ, ки дар натиҷаи бо ҳам бархӯрдани плитаҳои хушкӣ ва ғафсшавии қишри замин ба вуҷуд меоянд, пайдо мешаванд. Ҳамчунин хоро асосан дар канораҳои фаъоли континентҳо (кӯҳҳои Анд дар Амрикои Ҷанубӣ ва Кордилера дар Амрикои Шимолӣ) ва камонҳои вулканӣ (аз ҷумла, Камчатка) мавҷуданд. Миқдори ками хоро — плагиогранитҳо дар қ-кӯҳҳои зериобии мобайни уқёнусҳо пайдо мешаванд. Мавзеъҳои гранитдор низ дар минтақаҳои чиндори фанерозой: Урал, Тиён-Шон, Олтой, Муғулистон, Помир, Қафқоз, Алпу Ҳимолой васеъ паҳн шудаанд. Ҳамчунин хоро-ҳо дар сипарҳои кристаллии давраи токембрий, мас. Балтика, низ паҳн шудаанд. Бо хоро-ҳо конҳои маъдани калъагӣ, волфрам, молибден, литий, бериллий, тантал, ниобий ва уран, ки ба типҳои генетикии пегматитӣ, грейзенӣ, гидротермалӣ ва скарнӣ мансубанд, алоқаманд мебошанд. Ҳамчунин бо скарнҳои ба хоро алоқаманд конҳои мис, оҳан, тило ва сурбу руҳ хос мебошанд.