Jump to content

Хоҷа Муҳаммади Афзалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
أفضلی
Хоҷа Муҳаммад
Таърихи таваллуд: асри XVI
Зодгоҳ: Бухоро
Навъи фаъолият: шоир, донишманд

Хоҷа Муҳаммади Афзалӣ (форсӣ: أفضلی‎; қарни XVI) — шоир, ахтаршинос ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бухоро. Тазкиранигор Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар «Музаккиру-л-аҳбоб» Афзалиро чун шоир ва донишманди машҳури давр тавсиф кардааст. Ҳукмрони замон Убайдуллоҳхони Шайбонӣ (ҳукмронӣ 1533-39) ӯро ба мансаби садр таъйин карда буд. Афзалӣ аз илми ҳайат огоҳӣ дошта, дар ин ҷода пайрави Алии Қушчӣ ва Муҳаммад Мазид будааст. Дар охири умр барои саркашию густохӣ аз мансаб ронда шуд ва гӯшанишиниро ихтиёр намуд. Аз эҷодиёташ намунаҳо ба тавассути тазкираҳо расидаанд:


Манеҳ по мансаберо дар миёна,
Ки тири азлро гардӣ нишона.
         ***
Зи мансаб рӯй дар бемансабӣ неҳ,
Зи ҳар мансаб туро бемансабӣ беҳ.

  • Нисорий Ҳасанхожа. Музаккири аҳбоб. Тошканд, 1993.