Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ
Зоҳир
(Тағйири масир аз Хоҷа Ҷаъфар Қонунии Самарқандӣ)
Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ (қарни XV — қарни XVI) — мусиқидон, навозанда, оҳангсоз ва хушнависи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Самарқанд ба дунё омада, аксари илмҳои замонро аз падараш омухтааст. Дар санъати хаттотӣ ҳунарманд буд ва ҳафт навъи хатро некӯ менавишт. Baй дар санъати мусиқии амалӣ ва назарӣ шуҳрат дошт, қонунро бо маҳорати баланд менавохт. Дар мусиқии сози даврааш сабку услуби нави иҷрокунандагӣ ҷорӣ намудааст. Хоҷа шогирдони зиёде дошт. Қабраш дар гузари Мӯлиёни Самарқанд воқест.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ / А. Раҷабов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).