Jump to content

Худойбердӣ Муҳиддинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муҳиддинов Худойбердӣ (тав. 11.05.1947, ш. Панҷакент), физик, номзади илмҳои техникӣ (1980), Дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1968 факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Соли 1968 лаборанти калони кафедраи физикаи назариявии донишкадаи номбурда буд. Солҳои 1968–1969 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1969–1973 ҳамчун ассистенти кафедраи физикаи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе кор кардааст. Солҳои 1973–1976 аспиранти кафедраи физикаи умумии донишкадаи мазкур буд. Солҳои 1976–1987 ҳамчун муаллими калон, 1987–1992 дотсент ва мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ, 1992–1993 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи номбурдаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон кор карддаст. Якчанд солҳо ходими калони илмӣ ва дотсенти кафедраи фанҳои умумитехникии донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Айни ҳол дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ фаъолият намуда истодааст. Муаллифи ду китоб, зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Бо роҳбарии ӯ ду нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.