Худрави ҳамаҷогард
Худрави ҳамаҷогард — воситаи нақлиёти заминии қобилияти гузароишаш зиёд барои ҳаракат дар шароити мавҷуд набудани роҳ.
Ба худрави ҳамаҷогард таҳвилнаворҳои тасмачарх, ботлоқгард, ядаки тасмачарх, барфу ботлоқгард, мотоҳамаҷогард, квадротсикл ва ғайра шомиланд. Автомобили ҳамаҷогард аз рӯи воситаи ҳаракат (чархдор, тасмачарх, ҳавоболин, шнеку роторӣ), муҳаррик (бензинӣ, дизелӣ), гузаштани монеа (хушкигард, дубаҳра), тарзи истифода (мусофиркаш, бору мусофиркаш, ядак) ва рамаашон (ягона, шарнирӣ, омехта) фарқ мекунад. Аввалин худрави ҳамаҷогардро соли 1903 Я. Спайкёри ҳолландӣ сохта буд. Ӯ ҳамроҳи лоиҳакаш Ф. Брандт барои иштирок дар пойгаи Париж — Мадрид худрави сабукраве сохт, ки ҳамаи чархҳояш баранда буданд. Корҳои сохтани худрави ҳамаҷогарди тасмачарх солҳои 1910—1916 аз тарафи ихтироъкор А. Кегресс оғоз шуда буданд. Ӯ барои баланд кардани қобилияти гузароии автомобил аз болои барфу ботлоқ истифодаи тасмачархҳоро пешниҳод кард. Ғояи сохтани худрави ҳамаҷогардро дар ИҶШС соли 1936 Г. И. Покровский пешниҳод карда, соҳаҳои асосии истифодаи онҳоро нишон дод. Автомобили ҳамаҷогард, одатан, барои кашондани борҳои гуногун, гузарондани корҳои илмиву тадқиқотӣ, экспедитсияҳои геологӣ, амалиётҳои наҷотдиҳӣ ва ғайра дар шароитҳои дастнораси иқлимиву маҳаллӣ васеъ истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Автомобили ҳамаҷогард // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.