Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Хурмои шарқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хурмои шарқӣ
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Хурмои шарқӣ (лот. Diōspyros kāki) — дарахти хазонрез буда, дар бисёр ҷойҳо, аз ҷумла ноҳияҳои Тоҷикистон парвариш карда мешавад.

Меваи бедонаки хурмо

Баргаш калон, сабзи сиёҳтоб, тухмшакли дарозрӯя, нӯгтез. Баъзае навъҳояш бидуни гардолудшавӣ самар меоранд. Дар шароити иқлими Тоҷикистон охири апрел – аввали май гул мекунад. Мевааш калон, лӯнда, дарозрӯя ё паҳн; рангаш зарди норанҷӣ, сурхтоб, мағзаш дорчинии ширин; 6 – 8 тухм дорад. Меваи баъзе навъҳои хурморо баъди 10 – 30 рӯзи ҷамъоварӣ истеъмол мекунанд.

Хосияти шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тибби халқӣ хурмо ҳангоми бемориҳои гуногуни меъда истифода бурда мешавад. Онро метавон чун ғизои парҳезона дар мавриди ихтилоли меъда кор фармуд. Магнийи таркиби хурмо ҳосил шудани сангро дар гурдаҳо ва витамини А пайдоиши бемории саратонро пешгирӣ мекунад; витаминҳои С ва Р девораи рагҳоро устувор мегардонад. Хурмо хосияти пешобронӣ дошта асабҳоро ором менамояд, қобилияти кориро баланд мебардорад, барои пешгирии бемории ҷоғар муфид аст.