Хуршедшоҳ Алишоев
Алишоев Хуршедшоҳ Ҳасратшоеович | |
Таърихи таваллуд | 24 август 1981 (43 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод (2009) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент (2012) |
Алма-матер | Донишкадаи идоракунии Тоҷикистон (1998-2002) |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон (2015) |
Хуршедшоҳ Алишоев (Алишоев Хуршедшоҳ Ҳасратшоеович; 24 августи 1981, ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисодӣ (2009), дотсент (2012). Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2015).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Алишоев Хуршедшоҳ Ҳасратович 24 августи 1981 дар ноҳияи Панҷакент таввалуд шудааст, номзади илми иктисодӣ (2009), хатмкардаи Донишкадаи идоракунии Тоҷикистон (ш. Қайроққум, вилояти Суғд). Солҳои 1998-2002 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишкадаи идоракунии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Соли 2002 донишкадаи номбаршударо аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ бо дониши забони англисӣ хатм намудааст. Аз овони донишҷӯӣ то ҳол дар яке аз ширкатҳои сайёҳии кишвар ба ҳайси тарҷумони забони англисӣ ва роҳбалад кор мекунад. Фаъолияти кориашро солҳои 2002-2003 ҳамчун коромӯзи кафедраи «Назарияи иқтисоди»-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳозира донишкадаи иқтисодии тоҷикистон) оғоз намудааст. Дар солҳои 2004-2005 дар Донишгоҳи гуманитарии Тоҷикистону Россия, солҳои 2005-2007 Донишгоҳи миллии Tочикистон ва солҳои 2007-2009 дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, Донишкадаи Соҳибкорӣ ва хидмат ҳамчун ҳамкори беруна кор ва фаъолият намудааст. Фаъолияти минбаъдаи Алишоев Х.Ҳ бо пешбурди тадқиқотҳои илмӣ алоқаманд аст. Солҳои 2002- 2006 аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, солҳои 2003-2005 ассистент ва солҳои 2005 – 2009 муаллими калони кафедраи «Назарияи иқтисоди»-и Донишкадаи Иқтисодии Тоҷикистон. Соли 2009 дар совети диссертационии ДМ 737.008.01 –и институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати иқтисод ва савдои ҶТ рисолаи номзадиашро бо мувафақият ҳимоя намудааст. Баъди дифои рисолаи номзадӣ дар кафедраи мазкур ҳамчун устоди калон ва и.в. дотсент кор ва фаъолият намудааст. Аз 1.02.2012 то 30.08.3012 дар вазифаи ҷонишини декани факултети «иқтисод ва молия»- и Донишкадаи Молия ва Иқтисод оид ба илм, инновация ва робитаҳои хориҷӣ кор ва фаъолият намудааст. Аз 31.08.2012 то 14.03.2013 ба вазифаи сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкадаи дар боло овардашуда кор кардааст. Аз 15.03.2013 то ҳол ҳамчун мудири кафедраи назарияи иқтисодии донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат кор мекунад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2009 дар шӯрои диссертатсионии ДМ 737.008.01 –и институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ рисолаи номзадиашро бо мувафақият ҳимоя намудааст. Баъди дифои рисолаи номзадӣ дар кафедраи мазкур ҳамчун устоди калон ва и.в. дотсент кор ва фаъолият намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дотсент Нидоев Парвиз Фозилович муаллифи бештар аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 5 монография ва 17 китобу воситаҳои таълимӣ мебошад. Маслан китобҳои вай -«Мафҳумҳо ва қоидаҳои асосӣ дар фаъолияти гумрукӣ» ,2011, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, «Ташкили назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт», 2012; «Ташкили ва идоракунӣ дар мақомоти гумрук», 2012; «Декларатсиякунонии мол ва воситаҳои нақлиёт», 2012 ва ғайраҳо аз осори қиматбаҳои илмии муаллиф дарак медиҳад. Инчунинин дигар китобҳои таълимӣ «Ҳуқуқи байналхалкии гумрукӣ», 2013; «Танзими тарифи гумрукии ФИБ», 2013; «Иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ»,2013;«Мукамалгардонии механизми меъёрҳои тарифи гумрукӣ дар таъминоти амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 2017; «Роҳҳои муосири таъмини амнияти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2017 ба нашр расидаанд, ки ин аз дастовардҳои муҳими илмиро соҳиб будани ин олими тоҷик дарак медиҳад.
Китобҳо (Монографияҳо)
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба қалами ӯ зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ, як монография ва 5 таълифоти илмию методӣ тааллуқ доранд. Китобҳо (Монографияҳо)
- Макроиқтисод (комплекси таълимӣ - методӣ). Душанбе, Издательство «Ашуриён» -2017г. 212 саҳ.
- Макроэкономика (методические указания и сборник индивидуальных задач). Душанбе, Издательство «Сохибкор» -2017г. 80 стр.
- Микроэкономика (методическая пособия для проведения практических занятий), (на таджикском языке). Душанбе, Издательство «Ашуриён» -2016г. 52 стр.
- Экономическая теория (на тадж. языке), Учебно-вспомогательный материал), Душанбе: Издательство «Ашуриён», 2015 г. 224 стр.
- Микроэкономика (методические указания и сборник индивидуальных задач). Душанбе, Издательство «Сохибкор»-2014г. 24 стр.
- Исламская экономическая мысль и практические аспекты её использования в постсоветском пространстве. (Научная монография) , Душанбе: «Ирфон», 2013. – 276 стр.
Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии маориф ва илмӣ Чумҳурии Тоҷикистон (2015)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат Бойгонӣ шудааст 1 апрели 2018 сол.
- Хуршедшоҳ Ҳасратшович(пайванди дастнорас)
- Зодагони 24 август
- Зодагони соли 1981
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷакент
- Номзадҳои улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон