Хуршед Низомов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хуршед Низомов
Хуршед Музаффарович Низомов
Таърихи таваллуд 11 октябр 1967(1967-10-11) (55 сол)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) мусиқишинос, навозанда

Хуршед Музаффарович Низомов (11 октябри 1967, Душанбе) — мусиқишинос, навозанда (най), ҳунарманди аркестри созҳои халқӣ. Узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (2014).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хуршед Низомов соли 1986 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳоз. коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов), солҳои 1986-1989 дар Консерваторияи давлатии Тошканд таҳсил карда, 1993 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. С-ҳои 1990-2014 дар вазифаҳои сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат, сардори раёсати рӯшди муассисаҳои фарҳанги-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Варозати фарҳанги ҶТ ва ғайра ифои вазифа намуда рутбаи мушовири хидмати давлатиро дорост. Солҳои 2015-2017 сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорати фарҳанги ҶТ буд. 29 апрели соли 2017 дар анҷумани ғайринавбатии XIV-ум раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид. Ин с-ҳои 2008-2011 дар кафедраи таърих ва назарияи мусиқии аспирантураи Консерваторияи милии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов таҳсил намуда, вобаста ба созҳои миллии тоҷик рисолаҳои мусиқӣ оид ба созҳои миллии тоҷик, ҳунари созтарошӣ, таърихи ташаккули аввалин дастаҳои касбии ҳунарӣ ва муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат дар ҷумҳурӣ ва инкишофи санъати касбии тоҷик китобу маҷмӯаҳо ва мақолаҳоро таълиф намудааст.[1]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Хуршед Низомов бо медали «Хидмати шоиста» (2007), «Аълочии фарҳанги ҶТ» (2001), рутбаи тахассусии «Мушовири хидмати давлатӣ дараҷаи 2» сарфароз гардонида шудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 259-260 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)