Хӯшабандӣ
Зоҳир
Хӯшабандӣ, саркашӣ — як давраи рушди рустаниҳои хӯшадорро гӯянд.
Дар ин давра аз остинаки барги болоии растанӣ хўшагул мебарояд. Хӯшагули растаниҳои хӯшадор гуногун аст: хўша (дар гандум, ҷав,ҷдавдор ва ғ.); туғ ё ҷорубак (сулӣ, арзан, шолӣ ва ғ.); дар ҷуворимакка аввал хӯшагули нарина — туғ (дар нуги поя), сонитар (баъди 2—4 шабонарўз) хӯшагули модина — сӯтагул (дар ҷафви баргҳо) пайдо мешав ад. Растанӣ дар давраи IX. моддаҳои ғизоӣ ва намиро бештар мегирад. Ғизо, намӣ, ва рӯшноии мувофиқ барои инкишофи хуби хўшагул ва саросар хӯша бастани растанӣ мусоидат мекунад. Дар натиҷаи Хўшабандии дуру дарози растанӣ нобаробар мепазад, ки ин ҳосилғундориро мушкил мегардонад ва боиси талаф шудани ҳосил мегардад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хӯшабандӣ // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).