Алмос Абдуллоев
Алмос Абдуллоев | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 1 май 1947 |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 2 сентябр 2019 (72 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Пеша(ҳо) | мутриб, оҳангсоз, омӯзгор |
Ҷоизаҳо | Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1994) |
Алмос Абдуллоев — мутриб, оҳангсоз, омӯзгор, донандаи мусиқии мардумӣ ва Шашмақом, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1994)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Алмос Абдуллоев фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи мусиқии Самарқанд (1956), Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1983), Ӯ солҳои тулонӣ навозанда, мутриби Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1970—1975), муддате дар институти мусиқии мардумии Ироқ тадрис намуда, ромишгар, роҳбари мусиқӣ, роҳбари бадеӣ, муаллим — ромишгари дастаи мақомхонон, ансамбли давлатии «Шашмақом» (Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979—2002, 2004—2005), муаллими гурӯҳи мусиқии суннатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1983—2002), досент ва мудири кафедраи мусиқии суннатии Консерваторяи миллии Тоҷикистон (2003—2007). Алмос Абдуллоев ширкаткунанда дар даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар РСФСР, Узбекистон, Қирғизистон, Белоруссия, рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Русия (2005), ЮНЕСКО (Париж, 2005), 2 — симпозиуми байналмилалии мусиқишиносӣ (Самарқанд, 1983,1987), симпозиум ва фестивали байналмилалии мусиқӣ ба ифтихори 1400-солагии Борбад (Душанбе, 1990), Исфара (2003). Ӯ мусаннифи чандин суруду оҳангҳо ва асари силсилавии му-сиқии «Ҳиҷоз» (2000) буда, дар инкишофи мусиқӣ, толибони ҷавони мусиқӣ саҳми хоса дошта, барои хидматҳои шоёнаш бо ифтихорномаю мукофотҳои ҶТ, мамолики хориҷӣ (Эрон, Ироқ) сарфароз шудааст. Алмос Абдуллоев ба кишварҳои зиёди Шарқу Ғарб, ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ сафар намудааст.
Ҳоло ба ҳайси дотсенти Косерватория миллии Тоҷикистон кор карда истодааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 42 ISBN 978-99947-49-13-3
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1. — Душанбе, 2004;
- Энциклопедия Душанбе. — Душанбе, 2004.
- Зодагони 1 май
- Зодагони соли 1947
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 2 сентябр
- Даргузаштагони соли 2019
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Мусиқишиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
- Шашмақом
- Арбобони ҳунари Тоҷикистон