Чарлз Томсон Рис Вилсон
англ. Charles Thomson Rees Wilson | |
Таърихи таваллуд | 14 феврал 1869[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 15 ноябр 1959[1][2][3][…] (90 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физик ва ҳавошиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | J. J. Thomson[d] |
Шогирдон | Philip Dee[d][4] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Чарлз Томсон Рис Вилсон (англ. Charles Thomson Rees Wilson; 14 феврал 1869[1][2][3][…], Glencorse[d], Шотландия — 15 ноябр 1959[1][2][3][…], Carlops[d], Шотландия) — физикдони шотландӣ. Узви Анҷумани салтанатии Лондон (1900).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми мактаби хусусӣ дар коллеҷи Оуэн (ҳозира Донишгоҳи Манчестер) ва коллеҷи Сидни Сассекс (дар Кембриҷ) таҳсил кардааст. Омӯзгор (1900) ва профессори Донишгоҳи Кембриҷ (1925). Дар соҳаи физикаи молекулавӣ, ҳастаӣ ва атомӣ таҳқиқот кардааст. Вилсон пас аз мушоҳидаи ҳодисаҳои атмосферии тоҷ ва глория дар расадхонаи кӯҳи Бен-Невис ин ҳодисаҳоро дар лабораторияи худ санҷида, конденсатсияи бухори моддаро зери таъсири зарраҳои барқаноки суръатнок таҳқиқ намуд. Ӯ нишон дод, ки дар шароити муайян ҳар як иони барқанок маркази конденсатсияи бухори об мегардад ва онҳоро бо чашм дидан мумкин аст. Барои мушоҳидаи пайҳои зарраҳои барқанок асбобе сохт, ки дар он акси пайҳои алфа-зарраҳо, бета-зарраҳо ва электронҳоро қайд кардан имконпазир гашт. Минбаъд асбоби мазкур бо номи камераи Вилсон машҳур шуд (1912). Баъдтар Вилсон онро такмил дода, соли 1923 мақолаҳои машҳури худро дар бораи масирҳои электронҳо нашр кард. Дастовардҳои Вилсонро олимони тамоми дунё истифода мекунанд. Солҳои 1900—1901 Вилсон ба хулосае омад, ки шуоъафкании ионзое мавҷуд аст, ки аз қабатҳои ғафси хок мегузарад. Барои ихтирои «камераи Вилсон», ки ба кашфи «усули аёни (визуалӣ)-и ошкор кардани масирҳои зарраҳои электрикии барқанок бо ёрии конденсатсияи бухор» сабаб шуд, сазовори мукофоти Нобел гаштааст (1927, якҷо бо Артур Комптон).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Store norske leksikon (бук.) — 1978. — ISSN 2464-1480
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ учёный-ядерщик
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вилсон Чарлз Томсон Риз // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 14 феврал
- Зодагони соли 1869
- Зодагони Шотландия
- Даргузаштагони 15 ноябр
- Даргузаштагони соли 1959
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо