Jump to content

Чармгарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Чармгарӣ, чармсозӣ, кемухтгарӣ, даббоғӣ — яке аз ҳунарҳои суннатӣ, ки дар натиҷаи он пӯсти хом ба чарм табдил меёбад.

Одамон аз давраҳои қадим ба либосҳои пурдошту мустаҳкам эҳтиёҷ доштанд. Онҳо дар аввал аз пӯсти ҷонварони хонагию ваҳшӣ бахуд либосҳо ва пойафзорҳо тайёр мекарданд. Бо гузашти ҳазорсолаҳо мардум коркарди пӯст ва технологияи истеҳсоли чармро фикр карда бароварданд.

Устоҳои чармгари Ҳисор пӯстро 2-3 рӯз дар оби равон тар мекарданд. Ва онро гирифта дар чоҳи хурди оҳакобдор то ду-се рӯзи дигар мехобониданд. Сипас ин пӯстро аз оҳакоб гирифта, дар оби тоза мешустанд. Баъди шустан пӯстро намак карда, бо хамиртуруш молиш медоданд, ки инро «ош додан» меномиданд. Пӯсти ошдодашударо дуд меандохтанд. Барои дуд додан дегдони махсус мавҷуд буд, ки аз болояш дудбаро дошт. Барои дуд андохтан бештар аз гиёҳҳои хушк истифода мебурданд. Баъди дуд додан бо кордҳои махсус мӯйҳои пӯстро метарошиданд.

Барои хушнамуд шудани чарм онро ранг мекарданд. Рангро аз чӯби дарахти бодоми талхак тайёр менамуданд. Бо ҷӯшонидани чӯб ё решаи бодом, ранги зарди сурхчатоб тайёр мешуд ва пӯстро дар он меҷӯшониданд. Баъди рангро ба худ гирифтани пӯст онро равған молида, бо лифчӯб (ки асбоби махсуси чармгарон буд) молиш медоданд. Баъди хушк шудани пӯст, онро ба сангҳои калон мезаданд, то он вақте ки пӯст суфта гардад ва ҷило гирад. Аз чарми тайёршуда кафш, мӯза, мукӣ, маҳсӣ, афзори асп ва ғайраҳо медӯхтанд.

Дар Бухоро устоҳоеро, ки бо чарм сарукор доштанд, ба ду гурӯҳ тақсим мекарданд. Устоҳое, ки пӯстро ош дода, чарм тайёр мекарданд, «кемухтгар» ном доштанд. Устоҳои истеҳсолкунандаи маснуоти чармиро «чармгар» мегуфтанд.

Дар Қаротегину Дарвоз аз пӯсти пойи гов бо орди ҷав ва оби гарм ош дода, чарми «сафедмол» тайёр мекарданд. Аз чарми «рахт», ки мулоимтар мешуд, кафшу мӯза, камарбанду ғилофи корд медӯхтанд. Чармгарӣ ҳамчун яке аз касбҳои анъанавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанд, Ҳисор, Панҷакант, Истаравшан, Кӯлобу Балҷувон, Қаротегину Дарвоз ва ғайра маъмул буда, гузарҳои «Чармгарон» вуҷуд доштанд. Дар ин шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои махсуси чармгарӣ фаъолият менамуданд, ки дар онҳо аз пӯсти гов, асп, шутур, буз, гӯсфанд ва баъзе ҳайвоноти шикоршуда бо усули ош додани пӯст навъҳои гуногуни чарм тайёр мекарданд. Аз чарм ва пӯсти ҷонварон баъзе либосҳои гарми зимистона, телпак, пойафзор, тасмаи камарбанд ва ғайра медӯхтанд. Барои гову асп ва хар нӯхта, лаҷом, рӯкаши зин ва дигар афзорҳо месохтанд.

Дар Бухоро устоҳои пойафзордӯзро мутобиқи корашон ба гурӯҳ тақсим мекарданд: мӯзадӯзон, маҳсидӯзон ва кафшдӯзон. Дар гузашта устоҳои чармгар иттиҳодия, рисолаи касб ва пиру пешвои худро доштанд. Пас аз Инқилоби Октябр чармагарон ба артелу корхонаҳои давлатӣ ҷалб карда шуданд.[1]

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. — Душанбе, 2014. — С. 62 — 65.