Чашмпӯшакон
Зоҳир
Чашм-бандак, чашмпӯшакон — як навъ бозии маъмул дар байни бачагону наврасон дар Тоҷикистон.
Дар бозӣ 6-10 нафар писарону духтарони аз 7 то 15-сола ширкат мекунанд. Чашмони он шахси интихобшударо бо рӯймол ё порае матоъ мебанданд, ки ӯ бачаҳоро дида натавонад. Сипас бозӣ оғоз мегардад, бачаи чашмбаста ба дастгир кардани дигарон сар мекунад. Бозигарон дар атрофи ӯ чарх зада, ҳар хел шўхиҳо мекунанд, овоз бароварда, аз наздик омадани худ ба ӯ хабар медиҳанд. Ҳамин ки ӯ яке аз бозигаронро дастгир кард, чашмонашро мекушоянд ва чашмони шахси дастгиршударо бо рӯймол мебанданд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.
2. Шермуҳаммадов Б. Назми халқии бачагонаи тоҷик. Д., 1973.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 202