Jump to content

Чашмпӯшакон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Чашм-бандак)

Чашм-бандак, чашмпӯшакон — як навъ бозии маъмул дар байни бачагону наврасон дар Тоҷикистон.

Дар бозӣ 6-10 нафар писарону духтарони аз 7 то 15-сола ширкат мекунанд. Чашмони он шахси интихобшударо бо рӯймол ё порае матоъ мебанданд, ки ӯ бачаҳоро дида натавонад. Сипас бозӣ оғоз мегардад, бачаи чашмбаста ба дастгир кардани дигарон сар мекунад. Бозигарон дар атрофи ӯ чарх зада, ҳар хел шўхиҳо мекунанд, овоз бароварда, аз наздик омадани худ ба ӯ хабар медиҳанд. Ҳамин ки ӯ яке аз бозигаронро дастгир кард, чашмонашро мекушоянд ва чашмони шахси дастгиршударо бо рӯймол мебанданд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]

1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.

2. Шермуҳаммадов Б. Назми халқии бачагонаи тоҷик. Д., 1973.

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 202