Ҷоми ҷаҳонии футбол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷоми ҷаҳонии футбол 1978

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ё Ҷоми Ҷаҳонии Футболмусобиқаи байналмиллалиест, ки таҳти назорати ФИФА (FIFA) мегузарад. Номи аслиаш FIFA World Cup (Ҷоми ҷаҳони ФИФА). Дар ин мусобиқа ҳамаи дастаҳои мардонаи миллии давлатҳои аъзои ФИФА метавонанд, иштирок намоянд. Мусобиқаҳои финалӣ 1 маротиба дар 4 сол гузаронида мешаванд, ва дар якҷоягӣ бо мусобиқаҳои интихоботи минтақавӣ 3 сол даъвом доранд.

Далелҳо аз таърихи рушди Ҷоми Ҷаҳон

Ҷоми ҷаҳонии соли 1950, ки дар Бразилия баргузор шуда, аввалин бор буд, ки дар он иштироккунандагони Британияи Кабир ширкат доштанд. Дар соли 1920 дастаҳои Бритониё аз ФИФА хориҷ шуданд, қисме аз онҳо ба далели ба муқобили мамлакатҳое, ки бо онҳо дар вазъияти ҷангӣ буданд, бозӣ кардан нахостанд ва қисме ба нишони эътироз алайҳи таъсири кишварҳои хориҷӣ ба футбол, вале дар соли 1946 бо даъвати ФИФА дубора шомил шуданд[1]. Дар ин мусобиқа инчунин бозгашти қаҳрамонҳои Уругвай дар соли 1930 (Уругвай то имрӯз 2 Ҷоми ҷаҳониро баргузор кардааст), ки 2 Ҷоми ҷаҳонии қаблиро бойкот карда буданд[2]. Уругвай пас аз шикаст додани кишвари мизбон Бразилия дар бозӣ бо номи «Мараканасо» (бо португалӣ: Maracanaço) бори дигар пирӯз шуд.

Дар мусобиқаҳои байни солҳои 1934 ва 1978, дар ҳар мусобиқа 16 даста иштирок намуданд, ба истиснои соли 1938, вақте ки Утриш пас аз квалификатсия ба Олмон ҳамроҳ шуд ва мусобиқаро 15 даста идома дод. Инчунин соли 1950 тимҳои миллии Ҳиндустон, Шотландия ва Туркия мусобиқаро тарк намуданд ва 13 даста дар мусобиқот иштирок намуд [3]. Аксари кишварҳои иштироккунанда аз Урупо ва Амрикои Ҷанубӣ ва ақаллияти хурд аз Амрикои Шимолӣ, Африқо, Осиё ва Уқёнуси Ором буданд. Ин дастаҳо одатан аз дастаҳои Урупо ва Амрикои Ҷанубӣ ба осонӣ мағлуб мешуданд. То соли 1982 ягона мунтахабҳои берун аз Урупо ва Амрикои Ҷанубӣ аз даври аввал баромада тавонистанд: ИМА, 1930 даври нимниҳоӣ; Куба, чорякфинал 1938; Кореяи Шимолӣ, чорякфинал 1966; ва Мексика, ки дар соли 1970 чоряк финал баромаданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Scotland and the 1950 World Cup. bbc.co.uk. 6 май 2022 санҷида шуд.
  2. Conheça o Passado para Entender o Futuro. casasdeapostas365.com. 6 май 2022 санҷида шуд.
  3. Were India Banned From World Cup 1950 For Wanting To Play Barefoot?. worldfootballindex.com. 6 май 2022 санҷида шуд.


Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]