Jump to content

Атерома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Атерома
ИхтисосПӯст Edit this on Wikidata
Атерома
МКБ-10 L72.172.1
МКБ-9 706.2706.2
DiseasesDB 29388
MedlinePlus 000842
eMedicine / 
MeSH D004814

Атеро́ма (лот. atheroma аз юн. ἀθέρος — шӯла + ομα — омос), ҳосилаи омосшакли бехавф — ба андозаи аз нахӯд то тухми мурғ, ки дар пӯст ё зери он пайдо мешавад.

Сабаби пайдоиши атерома баста шудани маҷрои моддаҳоест, ки ғадуди чарбӣ ҷудо мекунад. Атерома аз чарб, холестерин, ҳуҷайраҳои пӯст иборат аст. Атерома варам ва мадда карда, ҳуснро коҳиш медиҳад. Бинобар ин, онро бо роҳи ҷарроҳӣ бартараф мекунанд.