Елизавета Чистова
Таърихи таваллуд: | 31 август 1915 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1999 |
Маҳалли даргузашт: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр |
Ҷоизаҳо: |
Елизаветта Дмитриевна Чистова (31 августи 1915, Петроград — 1999, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1956), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1967).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯзишгоҳи театрии ба номи М. Горкийи шаҳри Маскавро соли 1937 хатм намуда, ба Тоҷикистон омад ва дар Театри навтаъсиси драмаи русии ба номи В. Маяковский ба кор шурӯъ кард, то соли 1982 саҳнаашро обод гардонд, дар беш аз 130 намоишнома ҳунар озмуд. «Мешанҳо», «Хонума», «Егор Буличев ва дигарон», «Фарзандони Ванюшин», «Машаҷон», «Ишқи маккорона», «Ҳайвонотхонаи шишагин», «Бархезу бихон», «Ба оянда роҳ кушо», «Соли даҳшатовар», «Мерос», «Мазҳакаи куҳна», «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Муфтхӯрон», «Хонадоршавӣ», «Қаториҳо», «Сенздаҳум», «Дили сагона», «Ҳукми ҷаҳолат» аз зумраи спектаклҳоанд, ки номрафта дар онҳо яке аз нақшҳои марказиро бозидааст. Хидматаш дар тарбияи актёрони ҷавон калон аст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 31 август
- Зодагони соли 1915
- Зодагони Санкт-Петербург
- Даргузаштагони соли 1999
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb