Шабакаи Байналмилалии Славянӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
{{{ном}}}
Мамлакат
Маркази идоракунӣ
Оғоз 1994
Молик Valeria Volodymyrivna Ivanenko[d]
Сайт slav.tv(англ.)

Шабакаи Байналмилалии Славянӣ (русӣ: Международный Славянский Канал, инглисӣ: Slavonic Channel International) — шабакаи телевизионӣ аст.

Шабака кӯшиш ба он дорад, ки ба тамоми мардуми славяни олам ва ҷомеаи чаҳонӣ дар бораи ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти славянҳо, таърихи нодири славянӣ, анъанаҳои ғанӣ, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳиссаи арзандаи славянҳо ба рушди тамаддуни ҷаҳонӣ иттилоот пешниҳод намояд.

Хабаррасонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Шабакаи Байналмилалии Славянӣ» («Slavonic Channel International») аз 12 сентябри соли 2008 дар қаламрави Украина аз тариқи моҳвораҳо (Sirius-4 Satellite 5° East Frequency 12075 MHz (H) Symbol Rate: 27,5 Msymb/s FEC 3/4 & Astra-2 Satellite 31,5° East Frequency 12090 MHz (H) Vertical Symbol Rate: 27,5 Msymb/s FEC 9/10) пахш мешавад. SCI шабонарӯзӣ фаъолият карда дар ҳудуди аҳолиаш 1 миллиарду 202 миллион нафар паҳн мегардад. Барномаҳо (бори нахуст аз қаламрави Украина) бо чор забон: русӣ, украинӣ, англисӣ ва забони кишвари истеҳсолкунандаи онҳо пахш мешаванд. Минбаъд шабака дар як вақт ба забонҳои кишварҳои славянӣ, инчунин ба забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ, арабӣ ва хитоӣ садо хоҳад дод.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҷрибаи нахустини пахши барномаҳои телевизионӣ аз тариқи моҳвораҳо дар ҳудуди собиқ шӯравӣ маҳз пахши «Шабакаи Байналмилалии Славянӣ» аз қаламрави Украина ба шумор меравад. Пахши таҷрибавӣ аз 14 декабри соли 1994 то 15 майи соли 1995 анҷом дода шуда буд. Муаллифони лоиҳа: Иваненко Владимир Александрович ва Иваненко Валерия Владимировна.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мащенко И. Г. Телевидение в Украине. Ҷилди якум «Телевидение de facto». — Николаев, 1998. — 341 с.

Истинод[вироиш | вироиши манбаъ]

Сомонаи шабакаи телевизионӣ Бойгонӣ шудааст 13 марти 2010  сол.