Шайдои Хуҷандӣ
Зоҳир
Эшони Шайдои Хуҷандӣ (қарни XVIII) — сӯфӣ ва шоири форс-тоҷик, падари Шӯхии Хуҷандӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шайдои Хуҷандӣ охирҳои асри XVII ва аввалҳои асри XVIII дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Давраҳои ҷавонӣ ва солҳои таҳсили ӯ дар шаҳри Хуҷанд гузашта, ба шаҳрҳои Қӯқанду Тошканд, Самарқанду Бухоро сафар намуда бо шоирони он давра мушоироҳои адабӣ намуда, мулоқоти доимӣ доштааст[1].
Нусхаҳои гуногуни девонҳои Эшони Шайдоро дар ганҷинаи дастнависҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дар китобхонаи шаҳрҳои Қӯқанду Бухоро, Самарқанду Озорбойҷон, Санкт- Петербургу Тошканд бозёфт кардан мумкин аст.