Шакархонум
Зоҳир
Шакархонум бинти Зиёмуҳаммад (қарни XV — қарни XVI, Бухоро) — мутриба ва раққосаи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ аз ҷавонӣ ба созу овоз ва рақс майли зиёд пайдо карда, бештар дар иҷрои таронаҳои ирфонию ахлоқӣ ном баровардааст. Аввал аз падараш ва сипас аз устодони мусиқии зодгоҳаш ҳунар омухтааст. Ӯ бо ҳунари рақс ва маҳорати баланди мутрибӣ дар зодгоҳаш ва берун аз он шуҳрат пайдо намуда, чанд муддат дар Ҳирот низ ҳунарнамоӣ кардааст. Шакархонум охири умр ба зодгоҳаш баргашта, он ҷо вафот кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шакархонум / А. Раҷабов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).