Шамсиддини Шоҳин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шамсиддин Муҳаммад Шоҳин
Сурат
Навъи фаъолият:

шоир ва маорифпарвари тоҷик

Санаи таваллуд:

1865-1866

Зодгоҳ:

ш. Бухоро

Санаи марг:

1895-1896, Қаршӣ

Шамсиддин Муҳаммад Шоҳин - шоир ва маорифпарвари тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Шамсиддин Муҳаммад Шоҳин тахминан соли 1865-1866 дар Бухоро ба дунё омадааст ва дар ҳамон ҷо тамоми умри худро гузаронидааст. Шамсиддин Шоҳин дар Бухоро дар оилаи муллои камбағал таваллуд шудааст. Падари ӯ Муллоамон аслан аз Хатлонзамин (Кӯлоби ҳозира) будааст ва дар вақти ҷавонӣ барои таҳсили илм тарки ватан намуда, дар Самарқанд машғули илмомузӣ гашта, баъд ба Бухоро рафта, дар ҳамонҷо мадрасаро тамом кардааст. Баъд аз хатми мадраса аз Бухоро хонадор шуд ва чанд вақт дар яке аз мадрасаҳои Бухоро дарс ҳам гуфтааст. Шамсиддини Шоҳин ҳануз аз бачагӣ дар хондану навиштан қобилияти фавқулодда дошт. Чунон ки худаш дертар ҳикоят мекунад, дар ҳамин мактаб, тахминан дар ҳашт – нуҳсолагиаш ба шеър гуфтан шурӯъ намудааст. Шамсиддин Маҳдуми Шоҳин дар ҳафтсолагӣ девони Ҳофизро азёд медонист. Баъд аз хатми мактаб падари Шамсиддини Шоҳин хати хонову зебои писарашро дида, ӯро ба хизмати мирзоӣ шогирд мемонад ва Шоҳин дар ду-се сол тарзи хатнависӣ ва иншоро хуб ёд мегирад.

Таҳсил[вироиш]

Тахминан дар чордаҳ-понздаҳсолагӣ Шамсиддини Шоҳин барои таҳсили илм ба мадраса дохил мешавад. Дар мадраса дар пеши устодон ва ҳамсабақонашон истеъдод ва қобилияти баланде зоҳир мекунад. Аммо аз ҷиҳати моддӣ дар ин солҳо зиндагии у хеле сахт буд. Падараш пир шуда, дар таъмини оила ва хонондани писараш хеле мушкилиҳо мекашид. Аммо баъзе олимон ва соҳибмансабони ин замон истеъдоди фавқулоддаи шоир ва қобилияти илмомузии ӯро дида, ба ӯ баъзан ёрии моддӣ мерасониданд. Худи Шамсиддини Шоҳин бошад, нусхаҳои кутуби нодир ва баёзҳоро нусхабардорӣ карда, ба баҳои он як навъ рӯз мегузаронид ва ба оилаи қашшоқаш низ ёрмандӣ мекард. Баъд аз хатми мадраса Шоҳин кори ба худ муносибро ёфта натавониста, чанд вақт дар масҷидҳо имоматӣ мекард. Аммо ин касб, ки мисли гадо дар тую тамошо гаштан буд, ба таъби Шамсиддини Шоҳин мувофиқ наомад. Шамсиддини Шоҳин дар мактабу мадарасаҳои Бухоро таҳсил намуда пас аз хатми мадраса, чанде дар яке аз маҳаллаҳои Бухоро имом таъин мешавад. Шоир аз солҳои 1885 сар карда чанд вақт ба назди парвоначии амир Абдулаҳад Адулқодири Парвоначӣ ба хизмати мирзоӣ даромадааст. Парвоначӣ истеъдод ва илму фазли Шамсиддини Шоҳинро дида, ӯро хеле эҳтиром кард ва дар иваз ӯро аз ҷиҳати моддӣ таъмин намуд. Дар ин солҳо Шоҳин оилаи худро, ки бепарастор монда буд, низ нигоҳубин мекард

Оила[вироиш]

Шоҳин соли 1887 ба духтари Абдулқодири Парвоначӣ, ки он вақт волии Шеробод буд, хонадор мешавад. Вале ҳаёти хушбахтонаи шоир дер давом накарда, пас аз 10 моҳи тӯй занаш вафот мекунад. Шоир маснавии "Лайли ва Маҷнун"-ро ҳамчун хотира ба ёди завҷааш ба назм даровардааст.

Солҳои охир[вироиш]

Дар солҳои охири зиндагӣ саломатии Шохин хеле бад шуда буд. Дар вай осори бемории сил намудор шуд. Аммо амир ӯро аз рикобаш дур намекард ва дар сафарҳо ҳамроҳ гирифта мегашт. Вақте ки дар сафари Қаршӣ Шоҳин бемори барҷомонда шуда, амир ӯро қасдан ба Бухоро нафиристод. Ниҳоят, беморӣ шоирро аз по баровард ва ӯ дар ҳамин шаҳр вафот кард. Ӯро дар қабристони ҳамин шаҳр гӯрониданд. Шоҳин солҳои охири умри худ дар рикоби амир бошад ҳам рӯҳан хеле азоб мекашид. Ӯ ба бемории сил гирифтор мешавад ва соли 1895-1896 дар Қаршӣ вафот мекунад.

Эҷодиёт[вироиш]

Шоҳин, ғайр аз он ки вазифаи мирзоиро адо мекард, шеърҳо менавишт ва бо хоҳиши парвоначӣ дар мадҳи амир Абдулаҳад баъзе қасидаҳо низ мегуфт. Парвоначӣ ба ин восита мехост, ки Шоҳин дар пеши амир эътибор пайдо кунад ва таъмини маишаташ боз ҳам беҳтар гардад. Дар айни замон Шоҳин дар дарбор ва ҳатто ғоибона дар назди амир обрую эътибор пайдо кард. Шахсони камсавод ва ҷоҳил, ки дар дарбор бисёр буданд, ба эътибору нуфуз пайдо кардани Шоҳин ҳасад мебурданд ва мехостанд, ки коре кунанду ӯро ба амир наздик шудан намонанд. Дар ин миён парвоначӣ аз тарафи амир ҳокими Шеробод таъин гардид ва аз Бухоро рафт. Душманони Шоҳин ӯро танҳо дида, дар атрофи вай фитнаву суханчиниро сар карданд. Шоҳин дар ҳамин вақт бо хуби дид, ки доираи дарбори амир то чӣ андоза разолатпарвар аст ва дар атрофи амир чӣ гуна касони ҷоҳил ва пурғараз чамъ омада, ба мансабу рутбаҳои давлатӣ расидаанд. Парвоначӣ - Абдулқодир, ки Шоҳинро мисли фарзанд дӯст дошта буд, ба вай духтарашро никоҳ карда медиҳад, то мардум ба ҳокими Шеробод домод будани Шоҳинро фаҳмида, аз вай дасти душманиву адоват кашанд. Дар воқеъ ҳам ин никоҳ Шоҳинро то андозае аз ҳуҷуми рақибонаш эмин дошт. Аз тарафи дигар, амир Абдулаҳад, ки худро хеле шеърфаҳму шеърдӯст нишон медод, Шоҳинро ба суҳбатҳои худ даъват мекардагӣ шуд. Амир Шоҳинро вақту бевақт ба маҷлису базмҳояш даъват мекард ва ба хоҳишу табъи шоир нигоҳ накарда, ӯро ба сафарҳо гирифта мебурд. Шоҳин чунон бо ин даводавҳо банд буд, ки ҳатто ба оилаи худ нигоҳубинӣ карда наметавонист. Дар ин байн зани ҷавони ӯ фарзанд таваллуд карду ҳафтае нагузашта мурд. Вафоти ногаҳонии занаш барои Шоҳин фоҷиаи калон буд. Ин воқеаи мудҳиш чашми Шоҳинро ба аслу моҳияти бисёр воқеаҳо кушод. Вай фаҳмид, ки на танҳо атрофиёни амир, балки худи амир низ каси ҷоҳилу золим, дар кори идораи давлату мамлакат ношуду бетадбир аст. Шоҳин хост, ки мисли шоирони пештара, ки аз наздикии худ ба ҳукмронҳои замон истифода бурда, ба онҳо аз тадбири мулкдорию ҳукмфармоӣ китобу рисолаҳо менавиштанд, барои амир асаре таълиф намояд ва дар он роҳу равиши бо адолат ҳукумфармоӣ карданро нишон диҳад. Бо ин мақсад ӯ «Туҳфаи дӯстон» ном асари манзум таълиф намуд. Шоҳин дар ин маснавӣ хост, ки ба амир ба воситаи панду насиҳат тариуи адлу инсоф ва роҳҳои беҳтарини ҳукуматдориро нишон диҳад, аммо ин ҷасорати як нафар шоири ҷавон, ки ба амир панд омӯхтанӣ шуда буд, ба ҳукмрони замон маъқул наафтод. Амир Абдулаҳад дар ғазаб шуда, аз Шоҳин интиқом гирифтанӣ шуд. Амир Шоҳинро маҷбур мекард, ки дар ҳаққи ӯ мадҳияву қасидаҳо нависад, шеърҳои аз одоб берун иншо намояд, барои хандаву дилхушии амир суханҳои пасту бемағзро ба шеър дарорад. Илова бар ин, вай шоирро ҳамеша дар рикоби худ нигоҳ медошт, ба сафарҳои дуродур мебурд ва ӯро асбоби дилхушии худ гардонда буд. Ин дар ҳаққи Шоҳин таҳқири бузург буд ва амир инро интиқоми сахтарин ҳисоб мекард. Аз ҳамин вақт сар карда, (яъне солҳои аввали навадум) дар шеърҳои Шоҳин оҳангҳои шикояту шикваҳои талх аз ҳаёти худ, тануиду мазаммати иллату нуқсонҳои давр ва аҳли он садо медихад. Шоҳин дар ин вақт бо «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш шинос шуд ва тамоми иллатҳои чамъияти он вақтро боз ҳам хубтар фаҳмид. Вай низ ба ақидае омад, ки бо вазъу насиҳат ва ислоҳоти ҷузъӣ аҳволи мамлакат ва тартиби давлатро беҳтар намудан мумкин нест, зеро амир ва атрофиёни ӯ ба дараҷае ҷоҳилу бефаҳманд, ки ба қабули чунин маслиҳатҳо қобил нестанд. Шоҳин дар ин солҳо рисолаи «Бадое-ус-саноеъ»-ро эҷод мекунад. Дар ин рисола бо кинояву размҳои пӯшида нуқсонҳои иҷтимоии замонаш, разолат ва пастмоягии арбоби давлат ва худи амирро бо ҳаҷвҳои обдор фош мекунад. Ғайр аз ин, дар ҳамин замон мефаҳмад, ки вай як умри ҷавони худро дар мадҳи амир ва муқаррабони ӯ беҳуда сарф кардааст, беҳуда орзуву умед доштааст, ки фазлу дониш ва ҳунару санъати ӯ ба ҷамъияти он замон фоидаовар мебошад. Вай дар як маснавӣ, ки охирҳои умраш навишта буд, тамоми ҷавонии гузаштаашро бо афсусу надомат аз назари ибрат мегузаронад ва дар ҳаққи замон ва аҳли он айбномаи сахт мебарорад. Дар поён баъзе байтҳои маснавӣ мавриди назар қарор ёфтаанд:

Ду-се рӯз чуи эҳсон шудам,
Сарояндаи мадҳи дунон шудам,
Бибурдам ба ороиши назм ранҷ,
В-аз он кардам офоқро пур зи ганҷ,
Хареро Масеҳо насаб рондаме,
Суроро сурайё лақаб хондаме

Омӯзиши эҷодиёти Шамсиддини Шоҳин барои муайян кардани ҳаракати адабию афкори пешқадамонаи охири асри XIX, ки сарвари бузурги он Аҳмади Дониш аст, аҳамияти хеле калон дорад. Шоҳин дар адабиёти бадеӣ давомдиҳандаи хубтарин анъанаҳои адабиёти классикӣ буда, дар асарҳои худ идеяҳои адолатпарварӣ, инсондӯстӣ, озодихоҳӣ ва идеяи пешқадами замонааш - маорифпарвариро ифода намудааст. Аз ин нуқтаи назар эҷодиёти Шоҳинро аз рӯи хусусияти инкишофи он ба 3 давра ҷудо кардан мумкин аст:

1.Давраи омӯхтан аз адабиёти классикӣ ва дар таҳти таъсири он асарҳо эҷод намудан, бо ибораи дигар - тақлид ба адабиёти классикӣ. Маҳсули адабии ин давраи эҷодиёти Шоҳин достони «Лайлию Маҷнун» мебошад.

2.Мувофиқи идеяи пешин, барои пеш бурдани идеяҳои халқӣ-озодихоҳӣ ба ёрии амирон умед бастан, амиронро гоҳ ба роҳи танқид ва гоҳ ба роҳи мадҳ ба адолатпарварӣ ва илму адабиётдустӣ даъват намудан аст. Асари барҷастаи ин давраи эҷодиёти Шоҳин «Туҳфаи дӯстон» маҳсуб мегардад.

3.Шинохтани тинати амирон ва амалдорони давлати амирӣ, аз ёрии онҳо ноумед шудан, шиносоӣ бо асарҳо ва афкори танқидӣ ва маорифпарварии Аҳмади Дониш, ба таври қатъӣ ба мавқеи танқиди аморат гузаштан. Осори барҷастаи ин давра Бадоеъ-ус-саноеъ аст.

Ӯ ҳарчанд умри кӯтоҳ дида бошад ҳам, мероси хеле бой ва гаронбаҳое аз худ боқӣ гузошт. Мероси ӯ аз девони ғазалиёт, маснавии "Лайлӣ ва Маҷнун", маснавии нотамоми "Тӯҳфаи дӯстон", рисолаи "Бадоеъ-ус-саноеъ" иборат аст. Хидмати Шоҳин ҳамчун ифодакунандаи ғояву афкори пешқадам дар назми нимаи дуюми асри XIX-и тоҷик бағоят калон аст. Ӯ замон ва аҳли он, нуқсонҳои ҷиддии ҷамъият, ҷаҳолат ва бенизомии умури мамлакатро танқид кардааст.

Мероси адабӣ[вироиш]