Jump to content

Шамсиддин Ғафуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шамсиддин Ғафуров
Таърихи таваллуд 1883(1883)
Зодгоҳ Самарқанд, вилояти Самарқанд
Таърихи даргузашт 1963(1963)
Маҳалли даргузашт Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Шаҳрвандӣ  Ӯзбекистон


Шамсиддин Ғафуров (1883, Самарқанд — 1963, ҳамон ҷо) — меъмор ва устои гаҷкор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунари гаҷкориро аз падараш усто Ғафур омӯхтааст. Дар шаҳри Самарқанд дар бунёд намудани масҷиди Боғи Баланд (1990), масҷиди Хоҷа Нисбатдор (1900), масҷиди Шайбонихон иштирок намудааст. Дар таъмиру таҷдиди ёдгориҳои меъмории Самарқанд, биноҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок намуда, онҳоро гаҷкорӣ кар­дааст. Аз ҷумла, бинои Осорхонаи адабиёти ба номи Алишер Навоӣ (1940), Театри ба номи Муқимӣ (1942—1943), Театри ба номи Алишер Навоиро оро додааст. Шамсиддин Ғафуров дар таъмиру таҷдиди тоқҳои мадрасаи Шердор (1926), муқарнасҳои манораи шимолу шарқии мадрасаи Улуғбек (1932), маҷмааи Шоҳи Зинда (1934—1945), мақбараи Амир Темур (1943—1945), масҷиди Кӯкгунбази Шаҳрисабз, Гунбази Сайидон (1954—1955) ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ширкат доштааст. Намунаҳои санъати меъморӣ ва гачкориҳои Шамсиддин Ғафуров дар осорхонаҳои шаҳрҳои Бухорою Самарқанд ва Тошканд то ҳанӯз маҳфузанд.