Шамсуддини Табасӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шамсуддини Табасӣ

Муҳаммад ибни Абдулкарим Шамсуддини Табасӣ (? — 1229, Ҳирот) — шоир, донишманд ва фақеҳи форс-тоҷик, қозии шаҳри Ҳирот.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Хуросон барои таҳсил ба Бухоро омада, минбаъд сокини Самарқанд шуд. Дар охири ҳаёташ қозии шаҳри Ҳирот буд.

Аз Шамсуддини Табасӣ девони ашъоре дар ҳудуди 2 ҳазор байт (қасоид, ғазалиёт, рубоиёт, муқатаот ва ғайра) боқист. Шоир дар ашъораш ба Хоқонӣ пайравӣ кардааст, вале дар ашъори ӯ таркиботи хос ва мазмунҳои тозаву дақиқ кам нестанд. Намунае аз ашъори Шамсуддини Табасӣ:

Сапедадам, ки ҷаҳон бӯи зулфи ёр гирифт.
Ҳаво латофати хубони гулузор гирифт.
Зи бас шамомаи кофур дил гумон мебурд.
Ки барф домани ин сабз кӯҳсор гирифт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шамсуддини Табасӣ // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
  • Суханварони Сайқали рӯи замин. Д.,1973