Шамсӣ Қиёмов
Шамсӣ Қиёмов | |
Таърихи таваллуд: | 1 январ 1920 |
Зодгоҳ: | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 17 январ 2000 (80 сол) |
Касб: | ҳунарпеша, коргардон, намоишноманавис |
Шамсӣ Қиём (Шамсӣ Қиёмов; 1 январи 1920, Самарқанд — 17 январи 2000, Душанбе) — ҳунарпеша, коргардон, драматург, шоир ва тарҷумон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1990), Узви ИН СССР (аз соли 1962).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Дастпарвари Студияи миллии Консерватрияи Москва (1941), фак. реж. Институти давл. санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро хатм кардааст (1952). Ходими адабии рӯзномаи «Қизил Тожикистон» (1939—1940), ҳунарпеша ва таҳиягари ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ (1941—1956), реж. Студияи «Тоҷикфилм», сарреж. Студияи телевизиони тоҷик, ФДТ ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (ҳоло — Акашариф Ҷӯраев), сарреж. Театри Давлатии Ҷавонони Тоҷикистон, профессори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1978—1994).
Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
Аввалин шеърҳои ӯзб. дар саҳифаи рӯзн. «Қизил Тожикистони» ба табъ расидаанд. Нахустин пиесаҳояш — «Камол» ва «Дамири мусиқанавоз» дар ТДҶЛ ба саҳна гузошта шуданд (1937). Чун актёр дар саҳнаи ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ зиёда аз 40 нақшро иҷро кардааст. Муаллифи асарҳои драмавии «Дил-дили Зайнаб» (бо ҳамқаламии Анна Мороз, 1955), «Тӯфон» (бо ҳамқаламии Ғанӣ Абдулло, 1957), «Субҳи Ҳисор» (1959), «Ҷарима — якуним танга» (бо ҳамқаламии М.Фарҳат, 1960), «Эраҷ-паҳлавон», 1963), «Садои дил», (1968), «Саҳифаҳои ҳаёт», (1969), «Зол ва Рудоба» (бо ҳамқаламии Ш. Мастон, 1973), «Ҳодӣ ва Шодӣ» (1975), сенарияи филмҳои «Вақти зангирии писарам расид» («Тоҷикфилм», 1960), либреттои балетҳои «Писари Ватан», (1967), «Оҳуи тилоӣ» (1969), «Се нозанини Шарқ» (1970), «Баҳори Бадахшон» (1971) ва ғ. Дар ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ, ТДДР ба номи Вл. Маяковский, ТДАОБ ба номи С.Айнӣ,, инчунин Театри давл. драмаи мус. ӯзб. Ҷиззах (Ҷум. Ӯзб.), Театри Кобул-Нандори (Афғонистон) ва ҳ. спектаклҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст. Реж. ва таҳиягари филмҳои бадеии «Дӯсти ман Наврӯзов» (1957), «Амалиёти кобра» (1961), «Рангҳои сол» (1973) ва ғ. Осори К.Станиславский «Этика», Молйер «Найрангҳои Скапен», С.Михалков «Ревизори зӯракӣ», Н.Гумилёв «Духтари сеҳрнок», Ф.Тошмуҳаммадов «Достони Ҳофиз»-ро ба тоҷ. гардонидааст. Бо ду орд. «Нишони Фахрӣ» ва мед. мукофотонида шудааст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012, с. 128
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 1 январ
- Зодагони соли 1920
- Даргузаштагони 17 январ
- Даргузаштагони соли 2000
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон
- Коргардонҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон