Шарифмурод Исрофилниё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шарифмурод Исрофилниё
Исрофилов Шарифмурод Раҳимович
Санаи таваллуд:

7 январ 1966(1966-01-07) (54 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Панҷакент

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Шарифмурод Исрофилниё (Исрофилов Шарифмурод Раҳимович; 7 январи 1966, деҳаи Варзиканда, ноҳияи Панҷакент) — адабиётшиноси тоҷик, олим, доктори илмҳои филологӣ (2010), профессор (2011)

Зиндагинома[вироиш]

Исрофилниё Шаримурод 7 январи соли 1966 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент дар оилаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Соли 1990 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст. Солҳои 1994—1996 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1990 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи назди ДМТ дохил шудааст. Соли 1992 ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантура гузашта, дар кафедраи таърихи адабиёти классикии ДМТ ба сифати ассистент ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1995 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тасвири май дар ашъори Ҳофизи Шерозӣ» дифоъ намудааст. Аз соли 1996 дар вазифаи дотсенти кафедраи таърихи адабиёти классикии тоҷики ДМТ кор кардааст. Соли 2001 то 2005 декани шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҳамзамон мудири кафедраи филологияи тоҷики ин донишкадаро ба ӯҳда дошт. Солҳои 2005—2006 ба ҳайси декани факултаи забонҳои Шарқи ДДЗТ ифои вазифа намудааст. Солҳои 2007 −2010 докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва июли соли 2010 дар мавзӯи «Носири Бухороӣ ва такомули ғазал дар асри Х1У» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Солҳои 2010—2011 мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, солҳои 2011—2012 профессори кафедраи таърихи адабиёти классики тоҷики ДМТ ва аз феврали соли 2012 ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи тахсилоти Тоҷикистон ифои вазифа менамояд. Шарифмурод Исрофилниё дар Донишгоҳҳои Теҳрон Шаҳиди Биҳиштӣ ва Тарбиятмударриси Ҷумҳурии Исломии Эрон давраи такмили ихтисосро гузаштааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Муаллифи 7 китоб ва бештар аз 500 мақолоти илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар саҳаҳои мухталифи илми адабиётшиносӣ мебошад. Дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Душанбе (1995, 1998, 2000, 2005), Теҳрон (1997, 1999, 2007, 2008, 2010), Шероз (2000), Машҳад (2008), Мадина (2006), Алмаато (2006, 2007), Қуния (2010), Истамбул (2012) бо маърӯза ширкат намудааст ва мақолаҳояш бо забонҳои тоҷикӣ (форсӣ) ва русӣ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Қазоқистон ба нашр расидааст.

Эҷодиёт[вироиш]

Муҳимтарин таҳқиқоти Шарифмурод Исрофилниё:

Китобу монография ва васоити таълимӣ
  • Таҳлили матнҳои адабӣ.-Душанбе: Сино, 2001. — 96 с. (васоити таълимӣ);
  • Хизонаи пурганҷ. -Душанбе: Сино, 2002. 98 с. (васоити таълимӣ);
  • Фарҳанги таҳлилии алфози хароботии ашъори Хоҷа Ҳофиз. — Душанбе: Адиб, 2003. 175 с. (васоити таълимӣ);
  • Сухани аҳли дил.-Душанбе: Дониш, 2007. 218с;
  • Носири Бухороӣ ва такомули ғазал дар асри Х1У. — Душанбе: Дониш, 2009.(монография). 250 с;
  • Хамриёти Ҳофиз.-Душанбе: Дониш, 2010.(монография);
  • Мероси адабии Носири Бухороӣ ва такомули ғазали ошиқонаи орифона дар асри Х1У. — Душанбе: Сифат, 2012.(монография).338с;
Мақолаҳо
  • Табақабандии мавзуоти хамрии ашъори Рӯдакӣ.// Паёми Донишгоҳ, 1994, № 2, С.10-20;
  • Носири Бухороӣ ва Салмони Соваҷӣ//Фарҳанг, 2008, 37-8.С. 32-43;
  • Анварии Абевардӣ ва Носири Бухороӣ //Садои Шарқ. 2009, № 6, С. 125—134;
  • Ихтилофи ақлу ишқ дар шеъри Ҳофиз. //Адаб, 1994, № 9-10, с., 31;
  • Маърифати назар дар назари Камол Хуҷандӣ.//Паёми Донишгоҳ, 1996, №;.С., 65-68;
  • Носири Бухороӣ ва Ҳофизи Шерозӣ.// Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009, № 3, С. 115—124;
  • Корбурди вожаи «об» ба маънии ирфонии «шароб» дар ашъори Ҳофиз. //Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, 2004, С.63-68;
  • Носири Бухороӣ ва шуарои муосири ӯ. // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 3, 2007, С. 124—132;
  • Ҷомӣ ва Навоӣ.//Садои Шарқ, 2008, № 8, С. 140—146;
  • Ҳофиз ва истиқболи Ҷомию Навоӣ аз ӯ(таҳлили муқоисавии се ғазал аз диди нақди формалистӣ)\ \Фурӯғи андеша, Хуҷанд, 2008, С. 78-87;
  • Ҳофиз ва Рӯдакӣ.//Маърифати омӯзгор, 2008, № 9, С. 31-36;
  • Равобити адабии Носири Бухороӣ бо шоирони муосираш //Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикситон, 2008;
  • Хамриёти Рӯдакӣ ва мӯҳтавои он.// Пайванд, 2008, № 15, С. 140—148;
  • Джами и Навои (проблема традиции и новаторства в литературных связах иранских и тюркских народов) // Ираннаме, научно востоковедческх журнал, ).-Алматы, № 2 (6), 2008, с., 154—158;
  • Слово «об»(вода)и его смысловые оттенки в мистической поэзии Х1У в.//Суфизм в Иране и Центральной Азии (сборник статей, материалы международной конференции 2-3 мая 2006 года г. Алматы).-Алматы «Дайк- Пресс», 2007, с., 145—152;
  • Май дар ашъори Рӯдакӣ. // Донишномаи Рӯдакӣ, -Душанбе, ҷилди 2, 2008, С.63-66;
  • Носири Бухороӣ ва «Ҳидоятнома»-и ӯ\\Масъалаҳои маориф, 2012;
  • Основные стилевые особенности лирики Носира Бухари\\Илм ва инноватсия, 2012, № 1-2, с.29-34.[1]

Эзоҳ[вироиш]