Jump to content

Шариф Абдураҳмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шариф Абдураҳмонов
Таърихи таваллуд 1898(1898)
Зодгоҳ ҷамоати Кӯиқозиён, ноҳияи Конибодом
Таърихи даргузашт 10 феврал 1983(1983-02-10)
Маҳалли даргузашт Қӯрғонтеппа

Шариф Абдураҳмонов (1898, ҷамоати Кӯиқозиён, ноҳияи Конибодом — 10 феврали 1983, Қӯрғонтеппа) — ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, аз оилаи деҳқон, яке аз иштирокчиёни фаъоли барқароркунии Ҳокимияти Советӣ дар шимоли Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кории ӯ хеле бармаҳал оғоз ёфт. Солҳои 1915 — 25 ба ҳайси коргари корхонаи истеҳсоли нефти САНТО (ҳоло КИМ), 1925 — 28 милитсионери Шуъбаи корҳои дохилаи шаҳри Конибодом, 1928 — 30 раиси Ҷамоати деҳоти Маҳрам, 1930 — 31 раиси батрачком, 1931 — 34 раиси комиҷроияи ноҳияи Конибодом, 1935 — 37 котиби ташкилоти ҳизби коммунистии колхози «Тоҷикистони Сурх», 1937 — 40 котиби аввали комитети ҳизби коммунистии ноҳияи Даштиҷум, 1940 — 44 раиси артели «Болшевик»-и шаҳри Конибодом, 1944 — 46 раиси колхози «Тоҷикистони Сурх»-и ҳамин ноҳия, 1946 — 50 котиби аввали комитети ҳизбии шаҳри Кӯлоб, 1950 — 58 раиси колхози «Октябр»-и ноҳияи Қӯрғонтеппа ифои вазифа намудааст. Аз соли 1958 нафақагири дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буд.

Барои хидматҳои бардавомаш дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо ордену медал ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.