Jump to content

Шариф Бақоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шариф Бақоев
Таърихи таваллуд: 1906(1906)
Зодгоҳ: Бухоро
Таърихи даргузашт 1941(1941)
Маҳалли марг: Сталинобод
Касб: актёр, режиссёр

Шариф Бақоев (1906, Бухоро — 1941, Сталинобод) — актёр ва режиссёр, яке аз саромадони театри касбии тоҷик.

Солҳои 1928-29 ба сифати артисти ҳайати сайёри «Мопр»-и Ӯзбекистон дар пйесаҳои якпардагӣ ҳунар озмуда, дар консертҳо ҳикоёти ҳаҷвӣ мехонд. Бо таъсиси нахустин театри касбии тоҷик (7 нояб. 1929, ҳоло Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ) чун актёр ва режиссёр фаъолият доштааст. Соли 1934 мазҳакаи мусиқии В. Ҳоҷибеков «Оршин мол-олон»-ро таҳия намуда, дар офаридани нақшҳо муваффақ шудааст. Аз соли 1936 то поёни умр роҳбари бадеии Театри мусиқию мазҳакаи шаҳри Хоруғ буд. Дар ҷустуҷӯи истеъдодҳои халқӣ, ҷалби онҳо ба омӯхтани қоидаю қонунҳои саҳна, тарбияи ҳунармандони Бадахшон хидмати шоён кардааст.

Саҳнаҳои таҳиянамуда

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар саҳнаи театри номбурда спектаклҳои «Тӯҳмат»-и С. Саидмуродов ва И. Исмоилов, «Сарҳадбонон»-и Б. Белосерковский, «Оршин мололон»-и В. Ҳоҷибеков, «Фашист омад» (худаш муаллиф) ва ғайраро таҳия кардааст. Дар таҳияи консертҳо ва пйесаҳои якпардагӣ низ фаъолона ширкат варзидааст.