Jump to content

Шарл де Арле

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шарл де Арле
Таърихи таваллуд 21 август 1832(1832-08-21)[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 14 июл 1899(1899-07-14)[1][2][3] (66 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шарл де Арле (фр. Charles de Harlez; 1832, Лйеж — 1899, Лувен) — шарқшиноси фаронсавизабони белжикӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Донишгоҳи Лувен баъзе забонҳои шарқиро дарс медод. Узви Академияи шоҳии Белгия буд. Шарл Арле яке аз муҳаққиқони маъруф дар соҳаи Авестошиносӣ мебошад. Нахустин тадқиқи ӯ дар ин бобат «Қайдҳо оид ба маънои вожаҳои авестоӣ» аст («Журнал Азиатик», 1876—1877). Шарл Арле дар кори омӯзиши Авесто 30 сол заҳмат кашида, солҳои 1875—1977 тарҷумаи пурраи Авесторо ба забони франсавӣ ба анҷом расонд. Оид ба ин китоби муқаддас, пайдоиши он дар мақолаи «Сарчашмаҳои зардуштия» («Журнал Азиатик», 1878—1980) баҳс оростааст. Ба қалами Шарл Арле инчунин «Дастур оид ба забони авестоӣ» (1982) тааллуқ дорад.