Jump to content

Шаршар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаршар
Кишвар

Шаршар — ағбаи кӯҳӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Тоҷикистон.

Он 80 км аз Душанбе дар самти Кӯлоб ҷойгир аст. Дар инҷо дар зери ағба моҳи августи соли 2009 нақби «Озодӣ» бо дарозии 2223 м ба истифода дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани бехатарӣ ва кам кардани вақти сафар дар шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат — Данғара — Кӯлоб сохта шудааст.[1] 5 км роҳҳои даромадгоҳ ва кӯпруки дарозиаш 180 м сохта шуд. Ҳоло дарозии роҳи Душанбе — Кулоб 7 километр ва вақти ҳаракати мошинҳо 40 дақиқа кӯтоҳ шудааст. Ин нақб як иншооти муҳими стратегӣ маҳсуб мешавад, ки на танҳо байни минтақаҳои кишвар, балки бо кишварҳои дигар Афғонистон ва Чин ҳам пайвастани нақлиётро таъмин менамояд. Он яке аз ҳалқаҳои занҷири ҳамлу нақли Тоҷикистону Чин маҳсуб мешавад.