Шаҳиди Балхӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Шаҳиди Балхӣ
Абулҳасан Шаҳид ибни Ҳусайн
Санаи таваллуд:

879(0879)

Зодгоҳ:

Балх

Санаи марг:

937(0937)

Забони осор:

порсӣ

Абулҳасан Шаҳид ибни Ҳусайн (таваллуд 879, марг 937, зодгоҳ Балх) аз суханвари номӣ ва олими забардасти қарни даҳи милодӣ ба ҳисоб меравад.

Абулҳасан Шаҳид ибни Ҳусайн суханвари номӣ ва олими забардасти қарни даҳи милодӣ буда, дар шаҳри Балх чашм ба олам кушодааст. Муаллифи китоби «Маҷмаъ-ул-булдон» Ёқути Ҳамавӣ падари Шаҳидро аз рустои Ҷаҳудонаки Балх донистааст. Сипас падараш ба Балх кўчидааст ва Шаҳид дар ин шаҳри бостонӣ таваллуд ёфтааст, аммо соли таваллуди ў маълум нест. Шаҳиди Балхӣ маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш ҳосил намуда. Барои такмили дониш ба Бухоро меояд ва дар ин маркази бузурги тамаддуни исломӣ касби илмумаърифат намуда, дар аҳди ҳукмронии Сомониён чун суханварони машҳур шўҳрат пайдо мекунад. Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ Шаҳиди Балхӣ аз ҳамасрони Абдуабдуллоҳи Рўдакӣ буда, бояд ҳаёташ дар нимаи якуми қарни даҳуми милодӣ гузашта бошад. Аз марсияи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар вафоти Шаҳиди Балхӣ маълум мешавад, ки ў пеш аз Одаммушшуъаро Рўдакӣ, дар соли 937 милодӣ вафот кардааст. Марсияи устод Рўдакӣ дар сўги Шаҳиди Балхӣ ин аст, ки ба ҳасрат сурудааст:

Корвони Шаҳид рафт аз пеш,
В-они мо рафта гиру меандеш.
Аз шумори ду чашм яке кам,
В-аз шумори хирад ҳазорон беш…

Аз рўйи тасдиқи Ибни Надим дар «Ал-Феҳрист» Шаҳиди Балхӣ бо файласуфи маъруф Муҳаммад Закариёи Розӣ дар боби ҳикмат ва фалсафа мунозираҳо доштаанд ва барои исботи даъвои худ рисолаҳо навиштаанд. Аз ин маълумот маълум мегардад, ки Шаҳиди Балхӣ ҳаким ва файласуфи варзидаву номӣ ҳам будааст. Ў на фақат олим ва файласуфи маъруф, балки шоири боистеъдод ҳам буд. Аз мероси адабии ў намунаҳо хеле кам, ҳамагӣ 168 байт боқӣ мондааст. Шакли шеърҳои боқимондаи Шаҳиди Балхӣ қасида, қитъа, дубайтӣ буда, дар онҳо мавзўъҳои мадҳу сано, наът, панд, ишқ, тарбия, тасвири табиъат, марсия, шикоят аз замона ва ѓайра баён гардидаанд. Дар пораи боқимондаи яке аз қасидаҳои мадҳияи ў ҳокими ҷавоне тавсиф ёфтааст ва он сифатҳо бештар зебоӣ ва раъноии вай тасвир шудааст. Шоир барои аз вай дур нашудан ва меҳрашро дар дилаш нигоҳ доштан, ба ҷони ў қасам ёд мекунад:

Маро ба ҷони ту савганду саъб савганде, Ки ҳаргиз аз ту нагардам, набишнавам панде. Диҳанд пандаму ман ҳеҷ панд напазирам, Ки панд суд надорад ба ҷойи савганде. Шунидаам, ки биҳишт он касе тавонад ёфт, Ки орзу бирасонад ба орзуманде. Туро агар малики чиниён бидидӣ рўй, Намоз бурдию динор барпарокандӣ. В-агар туро малики ҳиндувон бидидӣ мўй, Суҷуд кардию бутхонаҳош баркандӣ… Бояд гуфт, ки Шаҳиди Балхӣ дар сурудани анвоъи мухталифи шеъри форсӣ, ба вижа эҷоди қасида маҳорати тамом доштааст. Дар қасидаҳои мадҳияи шоир истилоҳоти нуҷум бисёр истифода шудаанд, ки шавқу раѓбати вайро ба илми ситорашиносӣ нишон медиҳад. Масалан:

Хунук на Офтобу Зўҳраву Моҳ,
Ки набошанд ҷовидона табоҳ.
Ҳама дар як ниҳоди хеш даванд,
Ки нагарданд ҳаргиз аз як роҳ…

Ҳамин тавр, мадҳу сано як равияи эҷодии ў буда, маѓзи ѓоявии онро адолати шоҳ ташкил медиҳад. Равиши дигари ѓоявии вай гуфтани панду андарзи орифона аст. Дар суханони пурҳикмати Шаҳиди Балхӣ даъват ба ҳиммати баланд ба назар мерасад:

Узр бо ҳиммати ту битвон сохт,
Пеши ту хомўшу забон кўтоҳ.
Ҳиммати шер аз он баландтар аст,
Ки дилозор бошад аз рўбоҳ..

Тибқи иттилоъи сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ Шаҳиди Балхӣ соли 937 милодӣ вафот намудааст.

Намунаи осор[вироиш]

Дардо, ки дар ин замонаи ѓампарвард,
Ҳайфо, ки дар ин бодияи умрнавард.
Ҳар рўз фироқи дўсте бояд дид,
Ҳар лаҳза видоъи ҳама мебояд кард.
Донишо! Чун дареѓам ойӣ аз он-к,
Бе баҳоиву лекин аз ту баҳост.
Бе ту аз хоста мабодам ганҷ,
Ҳамчунин зарвор бо ту равост.
Боадабро адаб сипоҳ бас аст,
Беадаб бо ҳазор кас танҳост.


Гар фаромўшам кард Хоҷа моро,
Хештанро бо руқъа додам ёд.
Кўдаки ширхора то нагирист,
Модар ўро ба меҳр шир надод.


Дўшам гузар афтод ба вайронаи Тўс,
Дидам чуѓзе нишаста ҷойи товус.
Гуфтам: « Чӣ хабар дорӣ аз ин вайрона?»
Гуфто: «Хабар ин аст, ки афсўс, афсўс!»


Бо тир аз чашми нобино сапедӣ нуқта бардорад,
Ки на дида биёзорад, на нобино хабар дорад.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

http://www.termcom.tj/?menu=bases&page=hamasr_23&lang=toj

Адабиёт[вироиш]

  • Муҳамадиқболи Садриддин. «Суханварони Балх» с.188-191
  • Забебуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон..ҷ.1, с.299