Муҳаммадиқболи Садриддин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

[бетараф?]

Муҳаммадиқболи Садриддин
Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович
Зодгоҳ Қурғонтеппа, вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ Тоҷикистон
Падар Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода

Муҳаммадиқболи Садриддин (Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович; тав. 15 уми майи соли 1978, шаҳри Қурғонтеппа, ( ҶШС Тоҷикистон) — донишманди дин ва яке аз фаъолони мухолифини тоҷик аст. Ӯ писари Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода яке аз асосгузорони ҲНИТ дар солҳои 1973 мебошад.

Муҳаммадиқболи Садриддин муаллифи китобҳо ва мақолаҳои адабӣ, динӣ, таърихӣ ва сиёсӣ аст. Ӯ дар соли 2008 "Тафсири мухтасари Хатлонӣ"-ро дар се ҷилд ба нашр расонида, [1] бунёди ҷамъиятии “Васатият”-ро таъсис додааст. Соли 2014 сомонаи бунёди ҷамъиятии "Васатият" марбут ба Муҳаммадиқболи Садриддин дар Тоҷикистон масдуд гардид.

Муҳаммадиқболи Садриддин дар солҳои ахир ошкоро ва тунд дар бораи амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноии мақомдорон мақолаҳо дар Пойгоҳи "Isloh.net" [2] ва барномаҳои видеоӣ дар шабакаи YouTube пахш мекунад. Мақомоти Тоҷикистон ба навиштаҳои Ӯ расмӣ вокуниш намекунад, вале баъзе расонаҳои давлатӣ ва сомонаҳои марбут ба ҲХДТ Ӯро ҳадафи маъракаи шармсоркунӣ қарор медиҳанд. Моҳи октябри соли 2020 Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худи Ӯ аз соли 2016 дар Аврупо паноҳандаи сиёсӣ аст [3], дар ғайбаш бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ кушода аст [4]. Худи Ӯ ин иттиҳомҳоро сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ донист ва ба фошкориҳояш дар бораи мансабдорони тоҷик рабт дод.

Пайвандҳо[вироиш]

  1. "Тафсири мухтасари Хатлонӣ" нашр шуд(тоҷ.), Радиои Озодӣ (24.02.2008).
  2. "Ислоҳ" чанд соат дастнорас шуд. Муҳаммадиқболи Садриддин: "Ҳамлаи мақомот буд"(тоҷ.), Радиои Озодӣ (02.03.2021).
  3. "Muhammadikbol Saduridinov - Justice for Journalists(англ.). JFJ.fund (15.10.2020).
  4. "Қаллоб дар кофтукоб(тоҷ.). Сомонаи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон (15.10.2020).