Шаҳоб Ҳусайнӣ
Шаҳоб Ҳусейнӣ | |
|---|---|
| форсӣ: شهاب حسینی | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд | Сайид Шаҳобуддин Ҳусайни Туникобунӣ |
| Таваллуд | 3 феврал 1974[1] (52 сол) |
| Зодгоҳ | |
| Шаҳрвандӣ | |
| Касб | ҳунарпеша, ҳунарпешаи телевизиюн, муҷрӣ, садопеша, коргардони филм, филмноманавис, таҳиякунандаи филм, овозхон |
| Солҳои фаъолият | 1997 — то ҳол |
| Ҷоизаҳо | |
| IMDb | ID 1486911 |
Шаҳоб Ҳусейнӣ (форсӣ: شهاب حسینی; 3 феврали 1974, Теҳрон, Эрон) — ҳунарпеша ва коргардони эронӣ. Маъруфиятро дар Эрон, дар сатҳи байналмилалӣ тавассути ҳамкорӣ бо филмноманавис ва коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ, бо бозидани нақш дар се филм: «Дар бораи Эллӣ» (2008), «Ҷудоии Нодир аз Симин» (2011) ва «Фурӯшанда» (2016) пайдо кард.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи комили Шаҳоб Ҳусейнӣ, Сайид Шаҳобуддин Ҳусайни Туникобунӣ мебошад. Вай дар соли 1352 дар Теҳрон мутаваллид шуд. Ӯ аввалин фарзанди хонавода аст ва як бародар ва ду хоҳар дорад. Аслияти ӯ ба Туникобуни Мозандарон бармегардад. Ӯ чанд солеро низ дар даврон кӯдакӣ ҳамроҳ бо хонавода дар Хуррамобод зиндагӣ кард[2]. Таҳсилот донишгоҳиаш дар риштаи равоншиносии Донишгоҳ Теҳрон буд, ки онро ба қасди муҳоҷират ба Конодо нотамом гузошт
Зиндагини шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳусайнӣ дар соли 1374 бо Паричеҳр Қанбарӣ издивоҷ кард. Фарзанди нахусти ӯ бо номи Сайид Муҳаммадамин дар зимистони 1382 ва фарзанди дувуми ӯ ба номи Сайид Амиралӣ дар тобистони 1390 ба дунё омаданд[3]. Ҳусайнӣ дар соли 1398 бо Саноз Арҷуманд (аккос ва филмбардор) издивоҷ кард.[4]
Фаъолиятҳо ва корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти Шаҳоб Ҳусайнӣ бо гӯяндагӣ дар радио оғоз шуд[5][6] ва дар соли 1377 бо иҷро дар телевизиони Эрон корашро идома дод. Ҳусайнӣ дар барномае ба номи «Оксиген» дар телевизион зоҳир шуд. Вай дар чанд барномаи дигар монанди «Барпо барпо», «Ранги субҳ» ва «Сояравшан» ба унвони муҷрӣ намоён шуд. Вай ҳамчунин дар барномаи радиоии «Ду нимаи себ», «Садои мо» ва «Гулбонги шодӣ» ба гӯяндагӣ пардохт.
Дар соли 1399 ӯ ба иҷрои як барнома дар расонаи хонагӣ ба номи «Ҳамрафиқ» пардохт, ки нахустин қисмати ин маҷмӯа дар 20-уми озари 1399 аз Намово пахш шуд.
Телевизион
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳусайнӣ дар соли 1379 бо сериали «Пас аз борон» по ба арсаи бозигарӣ гузошт. Дар соли 1380 дар сериали «Пулиси ҷавон» ва дар соли 1382 дар сериали «Таби сард» ба ифои нақш пардохт. Вай дар соли 1385 дар сериали «Мадори сифр дараҷа» дар нақши Ҳабиб Порсо бозид, ки ин сериал давраи авҷи вай дар телевизион буд.
Ҳусайнӣ дар соли 1388 дар нақши Аббос Бобоӣ дар сериали «Шавқи парвоз» зоҳир шуд. «Шаҳрзод» дар соли 1393 нахустин кори ӯ дар расонаи хонагӣ мебошад, ки дар он нақши Қубодро бозидааст.
Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳоб Ҳусайнӣ дар соли 1380 бо бозӣ дар филми «Рухсора» вориди синамо шуд. Ӯ барои бозӣ дар «Шамъе дар бод» ва «Растагорӣ дар ҳашту бисту дақиқа», ду соли паёпай номзади «Симурғи булӯрин» шуд.
Дар соли 1387 барои филми «Суперстар», Симурғи булӯрини беҳтарин бозигари нақши аввали мардро дарёфт кард. Ҳамчунин барои филмҳои «Порсо дар меҳ» ва «Дар бораи Элӣ», ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши аввали марди Ҷашни хонаи синаморо ба даст овард.
Дар соли 1389 дар филми «Ҷудоии Нодир аз Симин» дар нақши Ҳуҷҷат бозид. Ин филм барои ӯ «Хирси нуқраии» Ҷашнвораи Берлинро ба армон овард.
Бузургтарин дастоварди байналмилалии ӯ дар соли 2016 рақам хурд, ки тавонист барои филми «Фурӯшанда» ҷоизаи беҳтарин бозигари марди Ҷашнвораи байналмилалии филми Каннро касб кунад.
Коргардонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳоб Ҳусайнӣ дар соли 1392 коргардониро бо филми «Сокини табақаи миёна» оғоз кард. Дигар асарҳои ӯ дар мақоми коргардон:
- «Биё бо ман» (филми кӯтоҳ)
- «Муқими нокуҷо»
- «Нависанда мурдааст»
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷашнвораи байналмилалии «Фаҷр»
- 2009 — Беҳтарин нақши мардона — барои филми «Superstar»
- 61-умин ҷашнвораи синамоии Берлин
- 2011 — Беҳтарин нақши мардона (дар якҷоягӣ бо дигар бозигарони машҳури филм) — филми «Ҷудоии Нодира аз Симин»
- Ҷашнвораи Канн
- 2016 — Беҳтарин нақши мардона — барои филми «Фурӯшанда»
- Ҷоизаи Ҳофиз
- 2016 — Беҳтарин ҳунарпеша — дар сериёли «Шаҳрзод»
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ شهاب حسینی: 3 سال از كودكي خود را در خرمآباد گذراندهام(форсӣ). yaftenews.ir. 8 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 июли 2017.
- ↑ صراط نیوز | Seratnews.com. سید شهاب الدین حسینی تنکابنی كيست(форсӣ). fa (۱۳۹۰/۰۲/۱۴ - ۱۰:۰۵). 3 феврали 2026 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ ساناز ارجمند همسر شهاب حسینی کیست؟(форсӣ). Fararu | فرارو (3 феврали 2026). 3 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ داستان جذاب آشنایی "شهاب حسینی" با همسرش. http://www.yjc.ir.
- ↑ وب سایت رسمی شهاب حسینی. seyedshahabedinhoseini.com. 8 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 май 2016.