Шаҳринисо Раҳимова
Таърихи таваллуд | 8 октябр 1960 |
---|---|
Зодгоҳ | Бохтар, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 30 июл 2021 (60 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Раҳимова Шаҳринисо Содиқовна (8 октябри 1960 — 30 июли 2021) — номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳимова Шаҳринисо Содиқовна факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро соли 1981 бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1981-84 ассистенти кафедраи МТИ филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дар ш. Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), солҳои 1984-87 аспиранти кафедраи забони тоҷикии ИДПД ба номи Т. Г. Шевченко ва то соли 1992 муаллимаи калони факултети филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав. Аз соли 1993 то соли 2003 дар кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2003 инҷониб дар кафедраи забони тоҷикии ДМТ ба сифати дотсент фаъолият дорад.
Соли 1992 дар мавзӯи «Диалектизмҳо ва хусусиятҳои услубии истифодаи онҳо дар адабиёти бадеӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 1 монография, 2 дастури таълимӣ ва 20 мақолаи илмӣ мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои донишҷӯёни факултети геология). –Душанбе, 2009; Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи факултетҳои ғайрифилологӣ). –Душанбе, 2012; Диалектизмҳо ва хусусиятҳои услубии истифодаи онҳо дар адабиёти бадеӣ (монография). – Душанбе, 2013.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Кафедраи забони тоҷикӣ, Раҳимова Шаҳринисо Содиқовна(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 сентябри 2020.