Jump to content

Шебсоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шебсози роҳ

Шебсо́з[1] (форсӣ: شیب‌ساز‎), гре́йдер (англ. grader, аз grade — ҳамворсозӣ) — мошини худгарди чархдор, ки барои ҳамвор кардани хоктӯда, ҷойгардон, шиббаю мусаттаҳ кардани замину масолеҳи роҳсозӣ, кофтани ҷӯй ҳангоми сохтмону таъмири роҳ, канали обёрӣ ва ғайра истифода мешавад.

Грейдерҳо ядакӣ, худгард (автогрейдер), вазнин, миёна ва сабук мешаванд. Ҷузъи асосии кории грейдер хокгардон аст, ки болою поён ва чапу рост тоб мехӯрад. Бештар автогрейдерҳое маъмуланд, ки дорои таҷҳизоти ивазшаванда мебошанд (булдозер, мошини барфтозакунанда ва дигар мошинҳои роҳсозӣ). Грейдереро, ки бо конвейер таҷҳизонида шуда, барои хокро ба як сӯ партофтан ё ба воситаи нақлиёт бор кардан таъйин гардидааст, грейдер-элеватор меноманд. Грейдери бузургтарин дар ҷаҳонро ширкати итолиёии Umberto Аcco Company баровардааст, ки 160 т вазн ва 2 муҳаррики Сaterpillar (иқтидори умумиашон 1700 қ. а.) дорад.

  1. Шебсоз чист? Маънои вожаи шебсоз(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 6 феврали 2019 санҷида шуд.