Jump to content

Шералихони Лудӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шералихони Лудӣ

Шералихон ибни Алиаҳмадхони Лудӣ (форсӣ: شيرعلى‌خان بن على‌امجدخان لودى‎; қарни XVII) — тазкиранавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз қабилаи лулиёни афғон. Дар Бангола ба таҳсили ибтидоӣ шуруъ намуда, касби камол намудааст.

Аз мероси адабии Шерхони Лудӣ то замони мо тазкираи «Миръоту-л-хаёл» ва байтҳову қитъаоти пароканда боқӣ мондааст.

  • Шерхони Лудӣ / А. Алимардонов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).