Jump to content

Шибитак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шибитак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Galagania fragrantissima Lipsky
Мутародифот

Шибитак, шивиди кӯҳӣ, шибити даштӣ[2], чӯлингон, чӯлинг (лот. Galagania fragrantissima) — як навъ гиёҳи бисёрсолаи худрӯи ғазоӣ аз оилаи чатргулҳост.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бештар ба шибит монанд аст ва бӯи баланд дорад. Пояаш сершохубарг, 40—100 см қад мекашад. Пиёзакаш майдаи байзашакл. Гулаш майдаи зард (дарозии гулбаргаш 0,7—0,9 мм). Мевааш (дарозиаш 1,8—2,8 мм) қад ва ранги баланд. Моҳҳои июн — июл гулу мева мекунад.

Шибитакдар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон мерӯяд. Одатан дар минтақаи алафзор, ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, пуштаҳо, нишеби кӯҳҳо ва ғайра (500—2200 м аз с. б.) месабзад. Шибитакро ба монанди шибит тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд. Ба таомҳои гуногун меандозанд ва дурит тайёр менамоянд. Ба маҳсулоти ширӣ (чакка, қурут, дуғ, ҷурғот ва ғайра )низ ҳамроҳ мекунанд. Шибитак хӯрокро хушҳазм ва хуштаъм мекунад; иштиҳоовар аст, кори узвҳои ҳозимаро тақвият медиҳад. Барои очоронии бодиринг, карам, помидор ва ғайра низ истифода мебаранд.

Баргу пояаш (аввалҳои нашъунамо) 12—15% сафеда, 4,7% равған, то 0,36% равғани эфир, 4,7% моддаҳои даббоғӣ, 462 мг% витамини С, 1,7 мг% каротин (провитамини А) ва ғайра дорад. Бехи шибитак низ хӯрданист.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. С. Юсуфӣ, А. Раҷабзод, С. Ҷабборова. Луғати наботот (русӣ-тоҷикӣ-лотинӣ). — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 17. — 112 с. — ISBN 978-99947-33-94-1.
  • Чӯлингон / М. Ҳоҷиматов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).