Jump to content

Шикебии Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шикебии Исфаҳонӣ
форсӣ: محمدرضا شکیبی اصفهانی
Ном ба ҳангоми таваллуд: форсӣ: محمدرضا بن عبدالله اصفهانی
Таърихи таваллуд: 1557
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1614
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Муҳаммадризо Шикебии Исфаҳонӣ (форсӣ: محمدرضا شکیبی اصفهانی‎; 1557, Исфаҳон — 1614, Деҳлӣ) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар 34-солагӣ сафари Ҳиндустонро пеш гирифта, ба хидмати дарбор дохил шуд. Охири умр гушанишиниро ихтиёр кард, Ба қалами Шикебии Исфаҳонӣ «Соқинома», маснавие оид ба фатҳи Синд аз тарафи Абдурраҳими Хони хонон (Раҳимӣ) тааллуқ доранд. Дар тазкираву баёзҳо пораҳои қасоид, ғазалҳо ва абьёти парокандааш оварда шудаанд. Шикебии Исфаҳонӣ шоири нозукбаёне будааст.

Байтҳои зерин намуиаи шеъри уст:

Аз бими ту нола дар ҷаҳон мешиканад,
Ин тир ҳамеша дар камон мешиканад.
Мурғест фиғони май, ки пеш аз парвоз.
Болу пари май дар ошён мешиканад.