Jump to content

Арктика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шимолгон)
Арктика

Шимолгон (форсӣ: شمالگان‎) ё А́рктика (аз юн. ἄρκτος — «хирс», юн. ἀρκτικός — «воқеъ дар зери бурҷи Дубби Акбар», «шимолӣ») — ноҳияи қутби шимолии кураи Замин. Арктика канори қитъаҳои (материкҳои) Авруосиё ва Амрикои Шимолӣ, қариб тамоми Уқёнуси Яхбастаи Шимолиро бо ҷазираҳояш (ғайр аз ҷазираҳои наздисоҳилии Норвегия), инчунин қисмҳои ҳамҳудуди уқёнусҳои Атлантик ва Оромро дар бар мегирад. Сарҳади Арктика бо сарҳади ҷанубии минтақаи тундра мувофиқ омадааст[1]. Масоҳати Арктика (якҷоя бо сатҳи об) қариб 27 млн км²; бештар аз нисфи онро Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ташкил медиҳад. Баъзан ҳудуди ҷанубии Амрикоро то доираи Қутби Шимолӣ (66°33' а. ш.) маҳдуд мекунанд ва дар ин сурат масоҳаташ 21 млн км² мешавад[1].

Ба хушкии Арктика қисме аз ҳудудҳои Русия (вилоятҳои Мурманск, Магадан, Камчатка, қисми вилояти Тюмен, кишвари Красноярск, Ёқутистон ва ғ.), Канада (Юкон, қисми шимолии Квебек ва Нию Фуандленд ва ғ.), штати Аляскаи ИМА, Дания (Гренландия, ҷазираҳои Фарер), ҳудудҳои шимолии Норвегия (Шпитсберген), Шветсия, Финляндия дохил мешаванд.

Сохти геологӣ, релйеф ва сарватҳои зеризаминӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сохти таркибии Арктика давоми сохти таркибии уқёнусҳои Атлантику Ором аст. Дар таркиби хушкиҳояш шелф ва ҷазираҳои ҳамҳудудаш маҷмӯи мураккаби таҳнишастҳои токембрий, палеозой ва мезокайнозой, инчунин ҷинсҳои магмавии гуногунтаркиб ҷой доранд. Ба ҳудуди Арктика ноҳияҳои платформаи қадим дохил мешаванд, ки онҳоро силсилаҳои чиндори байкалӣ, каледонӣ, герсинӣ ва мезозоӣ аз ҳам ҷудо мекунанд. Платформаҳои баҳрҳои Баренсу Кара, Гиперборей ва Сибири Ғарбӣ аз ҷумлаи платформаҳои байкалӣ ва палеозоианд. Дар бисёр ҷойҳои Арктика, махсусан дар ҳудуди баҳрҳои Гренланд ва Лаптевҳо, зилзилаҳои иқтидорашон 6 — 8-баллӣ рух медиҳанд. Арктика аз рӯи хусусияти релйефӣ ба ду минтақаи морфологӣ ҷудо мешавад: 1) шелфи калонтарини ҷаҳон бо ҷазираҳо ва канораҳои ҳамшафати материкҳо; 2) қисми марказӣ — ҳавзаи арктикӣ бо пастиҳои амиқ (чуқуриашон то 5527 м) ва қаторкӯҳҳои зериобии Ломоносов ва Менделеев, ки баъзе қуллаҳояшон рӯи об баромада ҷазираҳои кӯҳӣ (баъзеашон вулқонӣ) ташкил кардаанд (Буве, Крозе, Маккуорӣ, Скотт ва ғ.). Дар Арктика захираҳои калони истифоданашудаи энергетикӣ — газ ва нефт (дар ҳудуди Русиягии Амрикои ғарбӣ конҳои гази Штокман, Русанов), инчунин конҳои ангиштсанг, ангишти сиёҳтоб, лигнит, намаксанг, маъдани металлҳои ранга ва нодир, ашёи хоми оптикӣ ва ғ. мавҷуданд.

Иқлими Арктика ниҳоят сард аст. Норасоии радиатсияи офтоб (0°С дар гармтарин моҳҳо), гардиши массаҳои ҳавои сард дар атмосфера, яхбандии сатҳи об (11 млн км² дар зимистон ва 8 млн км² дар тобистон), шамолҳои сахт (15 м/с ва бештар), бӯронҳо (дар соҳилҳо суръати шамол ба 50 м/с расида, то чанд ҳафта идома меёбад), ҳавои абрнок, боронҳои доимию туман хусусиятҳои асосии табиати Арктика мебошанд. Хоки Арктика асосан яхбаста буда, тобистон дар баъзе мавзеъҳо 30 — 40 см-и он об мешавад. Яхбандии мутлақ хусусияти ноҳияҳои континенталии қисми осиёии Арктика аст; мас. дар шим. шарқии Ёқутистон қабати яхбандӣ то 300—500 м мерасад. Ҳодисаи гармшавии глобалӣ дар Арктика нисбат ба тамоми олам ду баробар босуръаттар буда, дар ҳар нуқтааш ҳар хел зоҳир мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳи январ дар ҷануби Арктика то −25°С, дар шимоли Баҳри Баренс, ғарби Баҳри Гренландия, баҳрҳои Баффин ва Чукотка −32 −36°С; дар Сибир, шимоли Канада ва қисми бо он ҳамҳудуди ҳавзаи арктикӣ то −45 −50°С буда, баъзан то −55 −60°С паст мефарояд. Ҳарорати миёнаи моҳи июн +2, +3°С мешавад. Ин зуҳурот оқибатҳои бад дошта, боиси нобудшавии чандин намудҳои олами наботот ва ҳайвонот мегардад. Хатари гармшавии глобалӣ ба ҳаёти сокинони таҳҷоӣ низ таҳдид мекунад. Ҳоло ташкилоти Шӯрои Арктика таъсис ёфтааст, ки ҳимояи халқҳои Арктика ва кишварҳои арктикиро бар дӯш дорад. Миқдори яхҳои Арктика низ торафт кам мегардад: дар зарфи 30 соли охир ҳаҷми онҳо ду баробар кам шудааст.

Олами органикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Наботот дар Арктика кам ва хеле тунук мерӯяд. Аз 4 ҳазор ҳайвоноти ширхори олам танҳо 60 намуд ва аз 500 ҳазор намуди наботот танҳо наздики 1000-и он дар Арктика вомехӯранд. Аз растаниҳо асосан (дар Ҷ.) ушна, гулсанг, буттаҳои тӯс ва бед мерӯянд. Марғзору ботлоқзори бисёр дорад. Соҳили дарёҳо аз растанӣ бой буда, тундраҳои буттаӣ ҷо-ҷо ба бешаҳои тундравӣ иваз мешаванд. Дар ҷойҳое, ки ҳавояш хушктар ва иқлимаш континенталӣ аст, бешаҳо анбӯҳтар шуда шакли тайгаро мегиранд (дар самти Шим.). Олами ҳайвоноти Арктика асосан аз бемӯҳраҳо иборат аст. Дар байни мӯҳрадорон парандаҳои гага, мурғобӣ, бакланҳо, моҳихӯракҳо ҳастанд, ки ба миқдори даҳҳо ҳазор ҷамъ шуда дар соҳилҳо бозори парандагон ташкил мекунанд; аз ширхорҳо хирси сафед, рӯбоҳи қутбӣ, гавазни шимолӣ; дар баҳр моржу тюленҳо ҳастанд. Ширхорҳо бештар дар баҳрҳои Беринг ва Чукотка мавҷуданд, ки аз онҳо китҳои хокистарранг ва гренландӣ ба «Китоби Сурх»-и байналхалқӣ ворид карда шудаанд. Дар Шим. Канада ва Гренландия говмешҳо боқӣ мондаанд. Хоҷагиҳои оҳупарварӣ ва моҳидорӣ мавҷуданд. Тамоми сокинони таҳҷоии тундра, бешаҳои тундравӣ ва канораҳои Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ зиёдтар аз 300 ҳазор нафар буда, асосан шикорчиёни баҳрӣ, оҳупарварони кӯчманчӣ, моҳидорон ва сайёдон мебошанд. Мардумони асрҳои миёна дар Арктика маскуншуда асосан якутҳо, комиҳо, исландиягиҳо ва норвегиягиҳо мебошанд, ки дар тайга умр ба сар мебаранд. Шумораи умумии сокинони тундра ва бешаҳои Арктика наздики 3,5 млн аст (аз чаҳор се ҳиссаи он шаҳрвандони Русия). Наздиктар ба Шимол, аз 78° а. ш. сар карда, ягон нуқтаи аҳолинишин во намехӯрад.

Таърихи тадқиқот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯхтани Арктика аз қарни 12 оғоз ёфтааст. Дар қарни 17 саноатчиёни рус ва казакҳо (М. Ребров, М. Стадухин, С. Дежнёв) қад-қади соҳилҳои шим. Сибир роҳ паймуда, дар байни Осиё ва Амрикои Шимолӣ гулӯгоҳеро кашф намуданд. Дар садаҳои 16 — 17 экспедитсияҳои Уиллобӣ, В. Баренс, Х. Гудзон, Д. Дейвис, У. Баффин ва дигарон бо мақсади ёфтани гузаргоҳҳои шим. шарқӣ ва шим. ғарбӣ сафарбар шуда, як қатор галаҷаз. ва ҷазираҳоро кашф карданд. Солҳои 1893 — 96 экспедитсияи Ф. Нансен бо киштии «Фрама» аз байни яхҳои ҳавзаи арктикии назди Шписберген гузашт. Экспедитсияҳои намоёни қарни 20 экспедитсияҳои Р. Амундсен (1903 — 06 ва 1922 — 24), расидани сайёҳи америкоӣ Р. Пирӣ (1909) ба Қутби Шимолӣ ва парвози трансарктикии В. П. Чкалов ва М. М. Громов (1937) буданд. Баҳрнавардони рус аввалин бор дар қарни 18 бо ташаббуси М. В. Ломоносов ба омӯхтани дарунтари Арктика шурӯъ карданд. Баъди Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр тадқиқи Арктика мунтазам давом дода шуд. Моҳи майи 1937 экспедитсияи ҳавоӣ бо сардории О. Ю. Шмидт нахустин пойгоҳи сайёри ҷаҳон — «Северный полюс-1»-ро, ки роҳбараш И. Д. Папанин буд, дар ноҳияҳои Қутби Шимолӣ ба рӯи ях фуровард. Солҳои 1937 — 40 киштии советии «Георгий Седов» дар зарфи 812 рӯз қисми зиёди таҳқиқнашудаи Амрикоро тай намуд. Корҳои илмии тадқиқотие, ки СССР дар давраи дуюми Соли байналхалқии қутбшиносӣ (1932 — 33) ва Соли байналхалқии геофизикӣ (1957 — 59) гузаронд, дар омӯзиши Арктика марҳалаи нав гардиданд. Аз соли 1950 пойгоҳи сайёри «Северный полюс» ва экспедитсияҳои қутбӣ машғули тадқиқот шуда, соли 1973 омӯзиши комплексии океанографӣ (уқёнусшиносӣ), гидрометеорологӣ (обуҳавосанҷӣ) ва геофизикии баҳрҳои арктикӣ, резишгоҳҳои д-ҳои Сибир, Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ идома ёфт ва бори аввал «Атласи Арктика» тартиб дода шуд. Тадқиқи захираҳои обии Арктика, омӯхтани роҳҳои киштигард дар баҳрҳои арктикӣ барои илм ва хоҷагии халқ аҳамияти бузург дошт. Солҳои 70 қарни 20 дар Арктика 178 пойгоҳи гидрометеорологӣ, 7 пойгоҳи автоматӣ ва 5 нуқтаи сайёри автоматии советӣ кор мекарданд. Оид ба низоми гидрометеорологии Арктика, масъалаи алоқамандии уқёнус бо атмосфера, тавозун ва захираҳои оби ноҳияҳои хушкии Қутби Шимолӣ ва Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ тадқиқоти илмии назаррас бурда, аввалин бор «Атласи тавозуни энергетикии ноҳияҳои Қутби Шимолӣ» тартиб дода шуд. Экспедитсияҳои уқёнусшиносӣ бо киштиҳои «Шторм», «Маяк» ва «Шквал» дар баҳрҳои арктикӣ, киштиҳои тадқиқоти илмии «Профессор Визе» ва «Профессор Зубов» дар Атлантикаи Шимолӣ ва обҳои арктикӣ тадқиқоти бисёр гузаронданд. Таҳқиқи пиряхҳои Арктика низ оғоз ёфта, оид ба метеорология, актинометрия, глятсиология, гидрология ва ғ. маълумоти фаровон гирдоварӣ шуд. 17 августи 1977 экспедитсияи советӣ дар киштии яхшикани атомии «Арктика» аввалин бор дар ҷаҳон ба Қутби Шимолӣ расид. Азхудкунии Арктика солҳои охир нерӯи нав гирифт. Дар қарни 21 аҳамияти стратегии Арктика ва таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин минтақа хеле афзуд, чунки дар Арктика бойтарин захираҳои табиию биологӣ мавҷуд буда, худи мавзеъ фазои табиию экологии нодир аст ва омӯзиши он барои инсоният, махсусан дар масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодиёт, экология, тағйир ёфтани иқлим ва пешомади тараққиёти илм аҳамияти бузург дорад. Дар барномаи байналмилалии «Ҳадафҳои арктикӣ — 2011» (дар Конференсияи байналмилалӣ дар ш. Тромсёи Норвегия қабул шудааст) 20 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

  1. 1.0 1.1 Арктика // Большая Советская Энциклопедия. 3-е изд. / Гл. ред. А. М. Прохоров. — М.: Советская Энциклопедия, 1970. — Т. 2. Ангола — Барзас. — С. 203—205.