Jump to content

Ширин Қурбонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ширин Қурбонова
Ширин Қурбонова
Таърихи таваллуд 12 июн 1957(1957-06-12) (67 сол)
Зодгоҳ Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Комитети Маҷлиси Олӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи омӯзгории ш. Душанбе
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо медали «Хидмати шоиста» (1999) ва нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2001)

Ширин Қурбонова (тав. 12.06.1957, ш. Кулоб) — таърихшинос, номзади илмҳои таърих (1993), дотсент (2002). Дорандаи медали «Хидмати шоиста» (1999) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) .

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ширин Қурбонова Солҳои 1977–1978 ҳамчун дӯзандаи хонаи хизмати маишии н. Қумсангир кор кардааст. Солҳои 1978–1982 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1982–1983 ассистенти кафедраи таърихи ҲКИШ, 1989–1992 аспиранти кафедраи таърихи ватани донишгоҳи омӯзгорӣ, 1993–2000 мушовири калони Комитети Маҷлиси Олӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, 2000–2003 муовини ректори ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев оид ба тарбия, 2003– 2004 сармутахассиси идораи кадрҳо, 2004–2005 сардори идораи таҳия, 2006–2007 сардори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2007 то ҳол директори Коллеҷи омӯзгории ш. Душанбе мебошад. Бо медали «Хизмати шоиста» (1999), бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 20 таълифоти илмӣ оид ба азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Тоҷикистон ва муҳоҷиркунонии аҳолии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад.

  • Освоение целинних земель в Южном Таджикистане. Д., 1990;
  • Переселение – как это было. Д., 1993;
  • Ташкили дарси берун аз синф барои хонандагони синфҳои VIVII. Д., 2001;
  • Тарбияи насли наврас дар имрӯз. Д., 2001;
  • Давлати Сомониён – аввалин давлати тоҷикон. Д., 2001;
  • Таърихи сиёсии халқи тоҷик. Д., 2009;
  • Маърифати шаҳрвандӣ . Д., 2009; (ҳаммуаллиф)
  • Ташаккулу инкишофи маҳорат ва қобилиятҳои омузгорӣ. Д., 2009. (ҳаммуаллиф)

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ