Jump to content

Ширмоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ширмоҳӣ — дар муҳити обҳои Тоҷикистон то ҳол зиёда аз 40 намуди моҳиҳо маълуманд. Аз онҳо баъзеашон аҳаммияти калон доранд.

1. Ширмоҳӣ дар обҳои ширин зиндагӣ мекунад. Дарозиаш то 50 см буда, вазнаш 1–2 кг мешавад. Вай дар дарёҳои хурду калони серобу камоби кӯҳистон бештар вомехӯрад. Баъзан дар обҳои хунуки шафоф чунин моҳиҳо дучор мешаванд. Бештар дар тагу байни сангҳо гашта, ба муқобили ҷараёни об нағз ҳаракат мекунанд. Хӯроки ширмоҳӣ ҳар гуна кирмҳо, харчангҳои хурд, кирминаи ҳашароти обӣ мебошанд. Ғaйр аз ин обсабзҳоро бо лаби поёнаш аз болои сангҳои зериобӣ тарошида мехӯрад.

Ширмоҳӣ охири моҳи май ва ибтидои июн тухм мегузорад. Охирҳои тирамоҳ дарозии моҳичаҳои ширмоҳӣ 7–10 см шуда, вазнашон 8–12 гр мешавад.

Ширмоҳӣ дар сини 3-4-солагиаш ба шикор мувофиқ аст. Дар вақте аз ширмоҳӣ тайёр кардани таом тухмаш ва пардаи сиёҳи рӯйи баданашро, ки барои одам ва ҳайвоноти хонагӣ захрнок мебошад, гирифта партофтан лозим аст.