Jump to content

Шифоии Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шифоии Исфаҳонӣ
Таърихи таваллуд: 1559
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1628
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Шарафуддин Ҳасани Исфаҳонӣ (форсӣ: شرف الدین حسن اصفهانی‎), мутахаллис ба Шифоӣ (форсӣ: شفایی‎; 1559, Исфаҳон1628, Исфаҳон) — шоир ва пизишки форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи табиб. Пас аз касби камол ҳакимбошии дарбори Тахмосби I (ҳукмр. 1587—1629) буд. Аз хурдсолӣ ба шеъргуӣ шуруъ кард. Девони ашъори Ҳаким Шифоӣ аз қасоид, ғазалиёт, таркиббанду тарҷеъбандҳо, рубоиёт, қитаъот, фарқиёт ва ҳазлиёт таркиб ёфтааст. Ба қавли тазкиранависон Ҳаким Шифоӣ дар ҷавоби Низомии Ганҷавӣ «Хамса» доштааст, вале имрӯз аз он танҳо се достон — «Дидаи бедор» (дар ҷавоби «Махзану-л-асрор»), «Намакдони ҳақиқат» (дар ҷавоби «Ҳадиқату-л-ҳақиқат»-и Саноӣ) ва «Меҳру муҳаббат» (дар мавзӯи «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ) дастрас аст. Ба қалами Ҳаким Шифоӣ қасидаи «Маҷмаъу-л-баҳрайн» (дар татаббуи «Туҳфату-л-Ироқайн»-и Хоқонӣ) ва «Шаҳрошуб» муталлиқанд.

Ҳаким Шифоӣ дар илми тиб китоҳо бо номи «Қарободину-ш-Шифоӣ» таълиф намудааст. «Бист боб» ном асари тиббӣ низ ба ӯ нисбат дода мешавад.

  • Шифоӣ / С. Асадуллоев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).