Шиҳоби Туршезӣ
Зоҳир
Зодгоҳ: | |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мирзо Абдуллоҳ Шиҳоби Туршезӣ (форсӣ: میرزا عبدالله شهاب ترشیزی; 1754—1800) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагиома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ҳирот умр ба cap бурдааст. Шиҳоби Туршезӣ ба ғайр аз девони ашъор (таълифаш 1791, дар ҳудуди 10 ҳаз. байт) маснавиҳои «Баҳромнома» (дар ҷавоби «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ), «Юсуф ва Зулайхо», «Хусрав ва Ширин», «Иқди гуҳар», «Муроднома» дорад. Тазкираи манзуми «Тазкирату-ш-шуаро» ва «Мулҳиднома»-ро низ ба ӯ нисбат медиҳанд.
Дастнависҳои осори Шиҳоби Туршезӣ дар китобхонаҳои Музеи Бритониё (Лондон), Эрону Афғонистон маҳфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шиҳоби Туршезӣ / С. Асадуллоев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).