Шодӣ Азизов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шодӣ Азизов
Шодӣ Азизов
Таърихи таваллуд 1878
Зодгоҳ ноҳияи Ғиждувон Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 1943 Бухоро
Пеша(ҳо) сароянда,мутриб

Шодӣ Азизов (Устод Шодӣ) - сароянда, навозанда, раққос ва донандаю ҳифзкунандаи мусиқии классикӣ ва мардумии тоҷик, Ҳофизи мардумии ҶШС Ӯзбекистон (1940).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шодӣ Азизов соли 1878 дар деҳаи Муғулони ноҳияи Ғиждувони Бухоро, дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Аз овони ҷавонӣ дар дастаҳои ҳунарии Бухоро (марвисароён) фаъолияти ҳунариашро оғоз намуда, асосҳои иҷроию эҷодии мусиқӣ, рақс ва ҳунарҳои мардумиро фаро мегирад. Шодӣ Азизов аз синни 11-солагӣ чун раққос ном бароварда, аз соли 1895 таҳти сарварии устодони мусиқии мардумӣ ва устодона устод Тиллобои Хонанда, Бобо Ҷалол, Бобо Ғиёс, Мирзо Ҳидояти Хонанда, Ҳофизи Восеъ, Қорӣ Убайдуллоҳ, Қори Каромати Дилкаши Танбӯрӣ асосҳои мусиқиро меомӯзад. Аз соли 1913 таҳти сарварии Бобо Ҷалол Носирзода ба омӯхтани асосҳои назарию амалӣ, иҷроии «Шашмақом» пардохт. Солҳои 30-уми садаи XX дар дастаҳои ҳунарии театрии мардумии ноҳияи Ғиждувон ба сифати сароянда, раққос хидмат мекунад. Фаъолияти иҷроии Шодӣ Азизов дар иҷрои мақомҳо бештар зуҳур намуда, дар иҷрои қисмҳои ҷудогонаи «Сарахбор», «Тарона», «Талқин», «Савт», «Намуд»-ҳои мақомҳои «Бузург», «Рост», «Наво», «Сегоҳ» маҳорати хоса ба харҷ додааст ва дар иҷрои ӯ намунаҳо аз осори мусиқии мардумӣ, классикии тоҷик сабт (қарта, сафҳа) сабту нашр шудааст. Баъди ӯ писараш Муҳаммадҷон Шодиев анъанаи эҷодию иҷроиашро идома медиҳад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Алимбаева К. Ахмедов М. Народные музыканты Узбекистана. – Ташкент,1959; Таджикская музыка. – Душанбе, 2003; Энциклопедияи адабиёт ва санъат, ҷ. 1. – Душанбе, 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - соли 25 ISBN 978-99947-49-13-3