Шодӣ Бобоев
Шодӣ Азимович Бобоев | |
Таърихи таваллуд | 1 август 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | мактаби миёнаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Душанбе, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко |
Шодӣ Азимович Бобоев (тав. 01.08.1960, деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ) — шоир ва адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (2007), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2007), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2009).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1977–1983 дар факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1983–1985 муаллими адабиёти тоҷики мактаби миёнаи № 211 ноҳияи Рӯдакӣ, 1985–1992 директори мактаби номбурда, 1992–1995 ҷонишини директори мактаби миёнаи № 48 Душанбе оид ба таълим, 1995–1997 муаллими алифбои ниёгони мактаби миёнаи № 29 Душанбе, 1997–2002 директори мактаби миёнаи №166 ноҳияи Рӯдакӣ буд. Аз соли 2002 то ба имрӯз муаллими калон ва аз соли 2010 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Инчунин докторанти кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Ҳамзамон, солҳои 2005–2007 ҳамчун мудири шуъбаи таълимию методии назди Вазорати маорифи Чумҳурии Тоҷикистон, 2008–2010 мудири кафедраи забонҳо ва иттилооти компютерии Донишкадаи такмили ихтисоси духтурон кор кардааст. Оид ба заминаҳои мифологии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар достонҳои асотирӣ ва қаҳрамонӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 40 асару мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва очеркҳо мебошад. Бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ИҶШС ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Замимаҳои мифологӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (дар достонҳои асотирӣ ва қаҳрамонӣ), Д., 2009;
- Боз баҳор оварам (маҷмӯаи шеърҳо), Д., 1999;
- Селоби ғами мижгон (маҷмӯаи шеърҳо), Д., 2003;
- Қиссаи нигоҳ (маҷмӯаи шеърҳо), Д., 2010; Замзамаи Зероб (маҷмӯаи шеърҳо), Д., 2009;
- Саволномаҳои имтиҳонӣ барои синфҳои 9–11 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2007;
- Муносибати Фирдавсӣ ба Рахшу Симурғ // Адаб, №6, Д., 1992;
- Мифологияи эронӣ ва қаҳрамонони «Шохнома»-и Фирдавсӣ // Адаб, №3, Д., 1992;
- Лаҳзаҳои мифологӣ дар достонҳои паҳлавонӣ //Ахбори АИ ҶТ, Д., 2005, №5;
- Симоҳои мифологӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ // Ахбори АИ ҶТ, Д., 2007, №3;
- Образи Каюмарс ва авлодони ӯ // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Д., 2007, №3.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 1 август
- Зодагони соли 1960
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Айнӣ
- Номзадҳои улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ