Шоири халқии ҶШС Тоҷикистон
Зоҳир
«Шоири халқии ҶШС Тоҷикистон» («Шоири халқии РСС Тоҷикистон») — унвони фахриест, ки Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон соли 1961 таъсис кардааст.
Шоироне соҳиби ин унвон мешаванд, ки эҷодиёташон дар ташаккули назми шӯравии тоҷик нашқи муайян гузошта бошад.
Шоирон ва нависандагони халқӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба ин унвони фахрӣ аввалин бор Мирзо Турсунзода дар соли 1961 сазовор шуда буд. Баъд ба ин ном Мирсаид Миршакар (1962), Боқӣ Раҳимзода (1974) ва Гулчеҳра Сулаймонӣ (1988) мушарраф гардидаанд.
Ин унвон дар шакли «Нависандаи халқии РСС Тоҷикистон» ба нависандагони маъруф низ дода мешавад. Ҷалол Икромӣ (1979), Раҳим Ҷалил (1979), Фотеҳ Ниёзӣ (1986), Фазлиддин Муҳаммадиев (1986) ва Сотим Улуғзода (1990) ба ин унвон сазовор гардиданд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шоири халқии РСС Тоҷикистон // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
- Шоири халқии Тоҷикистон // Равзана — Ҷӯраев. — Д. : СИЭМТ, 2004. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 1988—2004, ҷ. 3). — ISBN 5-89870-5.