Jump to content

Сергей Шойгу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шойгу, Сергей Кужугетович)
Сергей Шойгу
тув. Сергей Күжүгет оглу Шойгу
русӣ: Серге́й Кужуге́тович Шойгу́
6 ноябр 2012 — 12 май 2024
Пешгузашта Anatoly Serdyukov[d]
Ҷонишин Andrej Belousov[d]
11 май 2012 — 6 ноябр 2012
Пешгузашта Борис Громов
Ҷонишин Андрей Юриевич Воробёв
1 декабр 2001 — 15 апрел 2005
Ҷонишин Boris Gryzlov[d]
17 апрел 1991 — 11 май 2012
Ҷонишин Vladimir Puchkov[d]

Таваллуд 21 май 1955(1955-05-21)[1] (69 сол)
Падар Kuzhuget Shoigu[d]
Модар Alexandra Shoigu[d]
Ҳамсар Irina Shoigu[d]
Фарзандон Yulia Shoigu[d], Xenia Shoigu[d] ва Danila Shebunov[d][2]
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои иқтисодӣ[d]
Эътиқод масеҳияти православӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Навъи артиш Нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия
Рутба генерали артиш[d]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Серге́й Кужуге́тович Шойгу́[4] (тув. Сергей Күжүгет оглу Шойгу; зод. 21 май 1955[1], Чадан, вилояти мухтори Тувон[d]) — арбоби давлатии шӯравӣ ва рус, ходими низомии Русия. Вазири дифоъи Федератсияи Русия аз 6 ноябри соли 2012. Генерали артиш (2003). Қаҳрамони Федератсияи Русия (1999). Наҷотбахши шоистаи Федератсияи Русия (2000). Узви Шӯрои Олии ҳизби «Русияи воҳид».

Раиси Кумитаи давлатии ҶШСФР ва Федератсияи Русия доир ба мудофиаи шаҳрвандӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи офатҳои табиъӣ (1991—1994), сардори Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия (1994—2012), губернатори вилояти Маскав (2012).

Роҳбари ҷунбиши байниминтақавии «Ваҳдат» (1999—2001), муассис (1 декабри 2001) ва ҳамраиси ҳизби «Русияи воҳид» (2001—2002, якҷоя бо Юрий Лужков ва Минтимер Шаймиев).

Дар айни замон, ягона вазир, ки бо танаффуси кӯтоҳ, аз солҳои 1990-ум дар ҳайати Ҳукумати Федератсияи Русия буд (ҳамагӣ 30 сол).

Президенти Ҷамъияти ҷуғрофии Русия (аз 2009).